https://sputnik.tj/20251105/tojikistonu-qatar-parvozhoi-doimi-dushanbe--davha-barrasi-1072683659.html
Тоҷикистону Қатар кушодани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе – Давҳаро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Қатар кушодани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе – Давҳаро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ният дорад ҳамкориҳояшро бо Қатар тақвият бахшад ва ба ин мақсад мехоҳад парвозҳои доимӣ ва парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро ба роҳ монад
2025-11-05T12:49+0500
2025-11-05T12:49+0500
2025-11-05T12:49+0500
дар тоҷикистон
қатар
парвозҳо
парвозҳои мустақим
авиатсияи гражданӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/05/1072680766_0:260:2048:1412_1920x0_80_0_0_bfc4491d5dd5c7c75139b1674f334eb6.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Масъалаҳои кушодани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе – Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва бизнес авиатсия дар мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар — Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ баррасӣ шуд.Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикисто мулоқоти мазкур дар шаҳри Давҳа сурат гирифт.Дар ин дидор Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар омодагии ҷониби Қатарро барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Қатар аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии он кишвар иброз намуданд.Ҷониби Тоҷикистон қайд кард, ки зимни мулоқот Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани сиёсати "Осмони кушод" оғоз намудааст.Зикр гардид, ки дар доираи ин сиёсат, бо мақсади ифтитоҳи хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ, дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба ҳама намудҳои хизматрасонӣ то 40 фоиз тахфиф эълон карда шудааст.Таъкид шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот кард.Зимни мулоқоти ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.Эмомалӣ Раҳмон иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим донист.
https://sputnik.tj/20251104/tojikiston-sarmoyaguzorii-qatar-gidroenergetiki-barq-1072665050.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/05/1072680766_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_a74dc1adbb7681bfda20ad458c8a22e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатар, парвозҳои домӣ, тақвият, боркашонӣ, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, қатар, парвозҳои домӣ, тақвият, боркашонӣ, ҳамкорӣ, равобит
Тоҷикистону Қатар кушодани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе – Давҳаро баррасӣ карданд
Тоҷикистон ният дорад ҳамкориҳояшро бо Қатар тақвият бахшад ва ба ин мақсад мехоҳад парвозҳои доимӣ ва парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Масъалаҳои кушодани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе – Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва бизнес авиатсия дар мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар — Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикисто мулоқоти мазкур дар шаҳри Давҳа сурат гирифт.
Дар ин дидор Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар омодагии ҷониби Қатарро барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Қатар аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии он кишвар иброз намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон қайд кард, ки зимни мулоқот Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани сиёсати "Осмони кушод" оғоз намудааст.
Зикр гардид, ки дар доираи ин сиёсат, бо мақсади ифтитоҳи хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ, дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба ҳама намудҳои хизматрасонӣ то 40 фоиз тахфиф эълон карда шудааст.
Таъкид шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот кард.
Зимни мулоқоти ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим донист.