https://sputnik.tj/20251105/hajmi-mahsulot-kishovarzi-mlrd-somoni-1072670297.html
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ наздик ба 60 млрд сомонӣ расид
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ наздик ба 60 млрд сомонӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори Тоҷикистон гузориш дод, ки аз аввали соли 2025 инҷониб дар ҷумҳурӣ чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
2025-11-05T11:49+0500
2025-11-05T11:49+0500
2025-11-05T11:49+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
омор
истеҳсол
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060147994_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_f2dea17cac3de4c6b56965fcc43f6b0e.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 наздик ба 60 млрд сомонӣ расидааст.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар дод.Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8,1% зиёд мебошад.Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52,8%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 30,9 миллиард сомонӣ ё 107,5 фоиз баробар гардидааст.Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 13%-ро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 18,5 фоиз, ВМКБ 24 фоиз Хатлон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 10,2 фоизӣ баробар аст.Зикр гардидааст, ки дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 39,6% ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 47,4%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 63,1%, вилоятҳои Суғд 37,5 фоиз, Хатлон 52,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51,1%-ро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20251024/vmkb-hajm-istehsol-mahsulot-sanoat-1072379315.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060147994_137:0:2868:2048_1920x0_80_0_0_123e96aa43561c5dcf15e0b53225e685.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кишоварзӣ, истеҳсол, маҳсулот, афзоиш, омор, агентии омор
тоҷикистон, кишоварзӣ, истеҳсол, маҳсулот, афзоиш, омор, агентии омор
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ наздик ба 60 млрд сомонӣ расид
Агентии омори Тоҷикистон гузориш дод, ки аз аввали соли 2025 инҷониб дар ҷумҳурӣ чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 наздик ба 60 млрд сомонӣ расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар дод.
“Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба 58,6 млрд сомонӣ баробар шудааст”, - қайд кардааст Агентӣ.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8,1% зиёд мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52,8%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 30,9 миллиард сомонӣ ё 107,5 фоиз баробар гардидааст.
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 13%-ро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 18,5 фоиз, ВМКБ 24 фоиз Хатлон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 10,2 фоизӣ баробар аст.
Зикр гардидааст, ки дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 39,6% ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 47,4%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 63,1%, вилоятҳои Суғд 37,5 фоиз, Хатлон 52,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51,1%-ро ташкил медиҳад.