https://sputnik.tj/20251104/pokiston-omili-tanishi-islomobod-bo-kobul-nabudi-hukumati-muntakhab-dar-afghoniston-ast-1072656868.html
Покистон: омили таниши Исломобод бо Кобул набуди ҳукумати мунтахаб дар Афғонистон аст
Покистон: омили таниши Исломобод бо Кобул набуди ҳукумати мунтахаб дар Афғонистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯии артиши Покистон муддаи шуд, ки омили аслии танишҳои кунунӣ миёни Афғонистону Покистон, набуди як ҳукумати машрӯъ ва мунтахаб дар Кобул аст
2025-11-04T18:49+0500
2025-11-04T18:49+0500
2025-11-04T18:49+0500
толибон
афғонистон
покистон
дар ҷаҳон
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049141062_0:8:3166:1789_1920x0_80_0_0_fa32b7ce58a936022354f9c8a38298bb.jpg
ДУШАНБЕ, 4ноя — Sputnik. Сухангӯии артиши Покистон Аҳмад Шарифи Чудрӣ, дар як нишаст хабарӣ афзуд, ки ҳалли масоили муртабит бо Афғонистон танҳо замонемумкин аст, ки як ҳукумати мунтахаб ва намояндаи воқеии мардум дар он кишвар бар сарикор бошад, иттилоъ додааст "ParsToday".Вай бо ишора ба тавофуқи Давҳа миёни Толибон* ва Иёлоти Муттаҳида изҳор кард: Толибон* дар он тавофуқ ваъда дода буданд, ки “Лоя Ҷирга” баргузор кунаду ҳукумати мунтахаб ташкил диҳад, аммо ин ваъдаи ҳаргиз амалӣ нашуд ва онон пас аз суқути ҳукумати Ашрафи Ғанӣ, тамоми қудратро дар инҳисор худ гирифтанд ва раванди гуфтугӯи байни афғонҳоро мутаваққиф карданд.Сухангӯии артиши Покистон тасреҳ кард, ки суботи пойдор дар равобити Исломобод ва Кобул танҳо дар сурати шаклгирии давлате, ки намояндаи воқеии мардум Афғонистон бошад, мумкин аст.“Исломобод хоҳони ҳалли сиёсии танишҳои мавҷуда бо толибон* бар сари фаъолияти шабаҳи низомиёни покистонӣ дар хок Афғонистон аст, аммо дар сурати шикасти музокирот, гузинаҳои дигареро низ дар назар дорад", - гуфт Чудрӣ.Вай афзуд, ки зомини амнияти Покистон, артиши ин кишвар аст, на Афғонистон.Вай таъкид кард, ки артиши Покистон ба ҳаргуна ҳамла аз хоки Афғонистон, посух қотеъ хоҳад дод.Покистону ҳукумати Толибон* пас аз даргириҳои марзии ахир, ду даври гуфтугӯ дар Давҳа ва Истанбул баргузор карданд.Дар нахустин давра, ду тараф бар оташбаси фаврӣ тавофуқ карданд ва дар нишаст Истанбул дар бораи созукори назорат бар иҷрои ин тавофуқ ройзанӣ шуд.Бо ин ҳол, равобити миёни ду кишвар ҳамчунон муташанниҷ ва нооромаст.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20251014/tolibon-pokiston-infijorhoi-kirmon-maskav-barnomarezi-1072083224.html
толибон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049141062_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_9c76b62d3f672ce0f77549307134f825.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покситон, афғонистон, равобит, сиёсат, толибон, ҳукумат, мунтахаб, кобул
покситон, афғонистон, равобит, сиёсат, толибон, ҳукумат, мунтахаб, кобул
Покистон: омили таниши Исломобод бо Кобул набуди ҳукумати мунтахаб дар Афғонистон аст
Сухангӯии артиши Покистон муддаи шуд, ки омили аслии танишҳои кунунӣ миёни Афғонистону Покистон, набуди як ҳукумати машрӯъ ва мунтахаб дар Кобул аст
ДУШАНБЕ, 4ноя — Sputnik. Сухангӯии артиши Покистон Аҳмад Шарифи Чудрӣ, дар як нишаст хабарӣ афзуд, ки ҳалли масоили муртабит бо Афғонистон танҳо замонемумкин аст, ки як ҳукумати мунтахаб ва намояндаи воқеии мардум дар он кишвар бар сарикор бошад, иттилоъ додааст "ParsToday".
Вай бо ишора ба тавофуқи Давҳа миёни Толибон* ва Иёлоти Муттаҳида изҳор кард: Толибон* дар он тавофуқ ваъда дода буданд, ки “Лоя Ҷирга” баргузор кунаду ҳукумати мунтахаб ташкил диҳад, аммо ин ваъдаи ҳаргиз амалӣ нашуд ва онон пас аз суқути ҳукумати Ашрафи Ғанӣ, тамоми қудратро дар инҳисор худ гирифтанд ва раванди гуфтугӯи байни афғонҳоро мутаваққиф карданд.
Сухангӯии артиши Покистон тасреҳ кард, ки суботи пойдор дар равобити Исломобод ва Кобул танҳо дар сурати шаклгирии давлате, ки намояндаи воқеии мардум Афғонистон бошад, мумкин аст.
“Исломобод хоҳони ҳалли сиёсии танишҳои мавҷуда бо толибон* бар сари фаъолияти шабаҳи низомиёни покистонӣ дар хок Афғонистон аст, аммо дар сурати шикасти музокирот, гузинаҳои дигареро низ дар назар дорад", - гуфт Чудрӣ.
Вай афзуд, ки зомини амнияти Покистон, артиши ин кишвар аст, на Афғонистон.
Вай таъкид кард, ки артиши Покистон ба ҳаргуна ҳамла аз хоки Афғонистон, посух қотеъ хоҳад дод.
Покистону ҳукумати Толибон* пас аз даргириҳои марзии ахир, ду даври гуфтугӯ дар Давҳа ва Истанбул баргузор карданд.
Дар нахустин давра, ду тараф бар оташбаси фаврӣ тавофуқ карданд ва дар нишаст Истанбул дар бораи созукори назорат бар иҷрои ин тавофуқ ройзанӣ шуд.
Бо ин ҳол, равобити миёни ду кишвар ҳамчунон муташанниҷ ва нооромаст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.