Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия ба иншооти низомию саноатии Украина зарба зад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкЛетно-тактические учения в преддверии Дня авиации ПВО в Краснодарском крае
Летно-тактические учения в преддверии Дня авиации ПВО в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2025
Обуна шудан
Артиши Русия ба корхонаҳо, анборҳо ва иншооти энергетикии низомию саноатии Украина бо истифода аз бомбу мушак ва паҳпод зарбаҳои гурӯҳӣ зад
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши ин кишвар ба иншооти энергетикӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ ва корхонаҳои низомию саноатии Украина зарбаҳои гурӯҳӣ зад.
Дар изҳороти вазорати дифоъ гуфта мешавад, ки “авиатсияи амалиётӣ-тактикӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, нерӯҳои мушакӣ ва тӯпхонаии артиши Русия ба иншооти инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки фаъолияти корхонаҳои комплекси низомии саноатии Украинаро дастгирӣ мекунанд ва ба иншооти истеҳсоли гулӯла, анбори сӯзишворӣ ва ҷойҳои муваққатии ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва зархаридони хориҷӣ дар 152 ноҳия зарба зад"

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Боевая работа расчетов БПЛА группировки Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз пешравиҳои артиш дар минтақаи Димитров хабар дод
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0