Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Суҷаи Русия ҷасади беш аз 200 сарбози украинӣ пайдо шуданд

© Sputnik / Пресс-служба Владимира Мединского / Гузариш ба медиабонкОбмен телами погибших военнослужащих в рамках "стамбульских" договоренностей между Россией и Украиной.
Обмен телами погибших военнослужащих в рамках стамбульских договоренностей между Россией и Украиной.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2025
Обуна шудан
Дар як амалиёти ҷустуҷӯӣ дар Суҷаи Русия, ки ба соли гузашта нерӯҳои Украина ҳамла карда буданд ҷасади беш аз 200 сарбозони украинӣ пайдо карда шуд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дмитрий Дубов, афсари калони Департаменти ташкили ҷустуҷӯи шахсони бедаракшуда ва ҷустуҷӯи фавтидагон дар Маркази асосии ҳамоҳангсозии Вазорати дифои Русия, ба РИА Новости гуфт, ки дар амалиёти муштараки ҷустуҷӯӣ бо Кумитаи тафтишотии Русия дар Суҷаи вилояти Курск беш аз 200 ҷасади сарбозони артиши Украина пайдо шуд.
"Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасадҳои хизматчиёни ҳарбии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина пайдо карда мешаванд. Хеле зиёд. Беш аз 200 ҷасадисарбозони украинӣ пайдо шудаанд", - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, ки пас аз пайдо намудани ҷасадҳо, онҳо барои нигоҳдорӣ ва сипас мубодила ба Донетск интиқол дода мешаванд.
Боевое слаживание военнослужащих группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2025
Сарбозони украинӣ бо фарёди "Мо фарзанд дорем" таслим шуданд
Маркази асосии ҳамоҳангсозӣ барои ҷустуҷӯи шахсони бедаракшуда ва фавтида дар моҳи июли соли ҷорӣ таъсис дода шуда, беш аз ду моҳ пеш дар минтақаи Курск фаъолияташонро оғоз карданд.
Қаблан, гурӯҳи ҳакерии KillNet ба РИА Новости тасдиқ кард, ки пойгоҳи додаҳои Ситоди кулли Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро, ки маълумот дар бораи талафоти украинӣ аз соли 2022 - 1,721,000 - дар бар мегирад, рахна кардааст.
Лентаи хабарҳо
0