https://sputnik.tj/20251102/naqsha-davat-artish-davomi-yak-moh-tojikiston-1072598781.html
Маълум шуд, нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон чанд фоиз иҷро шудааст
Маълум шуд, нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон чанд фоиз иҷро шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад
2025-11-02T12:43+0500
2025-11-02T12:43+0500
2025-11-02T12:43+0500
дар тоҷикистон
вазорати дифоъи тоҷикистон
иҷрои нақшаи даъват
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/03/1071724417_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_c9da33b4f5b826a25cc31684ef9917bd.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Давоми як моҳи даъват ба артиш дар Тоҷикистон, нақша 92% иҷро гардидааст.Дар ин бора, Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.Ҳамин тавр, бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.Дар давраи сипаригардида шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Ҳамзамон, дар муддати як моҳ нақшаи даъват дар вилояти Суғд 82% -ро ташкил дода, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон нақшаи гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намуданд.Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати як моҳи чорабиниҳои даъватӣ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидаро наздики 90% иҷро кардаанд. Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун ва Файзобод аввалин шуда, иҷрои нақшаро ба пуррагӣ таъмин намуданд.Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба артиш дар асоси фармони президент "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.ВМКБ барои ҳаштумин бор нақшаи даъват ба артишро дар рӯзи аввал иҷро кардФеълан дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, комиссияҳои давлатии даъват таъсис дода шудаанд, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябр даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ташкил менамоянд.Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20251002/davat-artish-tojikiston-vazorat-difo-1071691385.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/03/1071724417_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_f6fa28a12c9e97077e62e4bec8c7f5ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, даъват, тоҷикистон
нақша, даъват, тоҷикистон
Маълум шуд, нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон чанд фоиз иҷро шудааст
Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад
ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Давоми як моҳи даъват ба артиш дар Тоҷикистон, нақша 92% иҷро гардидааст.
Дар ин бора, Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳамин тавр, бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Дар давраи сипаригардида шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Ҳамзамон, дар муддати як моҳ нақшаи даъват дар вилояти Суғд 82% -ро ташкил дода, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон нақшаи гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намуданд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати як моҳи чорабиниҳои даъватӣ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидаро наздики 90% иҷро кардаанд.
Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун ва Файзобод аввалин шуда, иҷрои нақшаро ба пуррагӣ таъмин намуданд.
Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба артиш дар асоси фармони президент "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.
Феълан дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, комиссияҳои давлатии даъват таъсис дода шудаанд, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябр даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ташкил менамоянд.
Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.