Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Ғарб" аз рахна кардани муҳосира пешгирӣ кард

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие штурмовых подразделений 20-й гвардейской общевойсковой армии группировки войск "Запад" во время подготовки в зоне СВО.
Военнослужащие штурмовых подразделений 20-й гвардейской общевойсковой армии группировки войск Запад во время подготовки в зоне СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2025
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия шарҳ дод, ки чӣ гуна гурӯҳи нерӯҳои "Ғарб" аз рахна кардани муҳосира аз ҷониби артиши Украина пешгирӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Нерӯҳои "Ғарб" ҳамлаи душманро дар самти шимолу ғарб, ки ҳадафи он берун рафтан аз муҳосира буд, пешгирӣ кард.
Дар ин бора, Вазорати дифоъи Русия хабар дод.
"Ҳамлаи дигари душман дар самти шимолу ғарб, ки ҳадафи он берун рафтан аз муҳосира буд, пешгирӣ шуд. Ҳашт ҷангҷӯ аз бригадаи 16-уми механиконидашудаи артиши Украина нобуд карда шуданд", - қайд кард Вазорати дифоъи Русия.
Манбаъ афзуд, ки ду кӯшиши берун рафтан аз воҳидҳои бригадаи 151-уми механиконидашудаи нерӯҳои Украина ва бригадаи 15-уми Гвардияи Миллӣ дар наздикии деҳаҳои Петровка ва Велика Шапковка дар вилояти Харков пешгирӣ карда шуд. То 20 ҷангҷӯ кушта шуданд.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Украинские военнослужащие в сопровождении членов Иностранного легиона под Харьковом. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Бритониё эътироф карданд, ки НАТО дар Украина ҷанги ниёбатӣ мебарад
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0