https://sputnik.tj/20251031/omuzgoron-deha-khovaling-khobgoh-1072548176.html
Барои 21 омӯзгори деҳаи дурдасти Ховалинг ба тариқи ҳашар хобгоҳ сохтанд
Барои 21 омӯзгори деҳаи дурдасти Ховалинг ба тариқи ҳашар хобгоҳ сохтанд
Sputnik Тоҷикистон
Барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 хобгоҳ сохта, ба истифода дода шуд
2025-10-31T09:31+0500
2025-10-31T09:31+0500
2025-10-31T09:31+0500
маориф
иҷтимоъ
омӯзгор
дар тоҷикистон
хона
хобгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072549969_0:104:1200:779_1920x0_80_0_0_e07607bdb0d41ce7e99156952b63047b.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Омӯзгорони деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг соҳиби хобгоҳ шуданд.Дар ин бора, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки хобгоҳи мазкур бо тариқи ҳашар аз ҷониби соҳибкорони маҳалии деҳаи Сиёҳфарк сохта шудааст.Дар хобгоҳ барои 21 омӯзгор шароити хуби истиқомат фароҳам оварда шудааст.Бинои хобгоҳ аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 1 млн сомонӣ бунёд шудааст. Он аз 7 утоқи хоби 3 нафара, 2 утоқи оилавӣ, 1 ошхона ва 4 ҳаммом иборат мебошад.Ёдрас мешавем, ки тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд.Аз ҷумла, омӯзгороне, ки маротибаи аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин, таъмин карда мешаванд.Ҳамзамон барои омӯзгороне, ки маротибаи аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ, қарзҳои бефоиз ё имтиёзнок муқаррар карда мешаванд.Ахиран дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи омӯзгор" қабул шуд, ки он ҳам ба баланд бардоштани шаъну шарафи муаллим дар ҷомеа ва додани имтиёзҳо ба омӯзгорон нигаронида шудааст.
https://sputnik.tj/20251022/maosh-tojikiston-qonuni-omuzgor-1072337218.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072549969_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_d66ce2931f00d79d2c39f60578953bba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омӯзгорон, ховалинг, соҳиби хобгоҳ
омӯзгорон, ховалинг, соҳиби хобгоҳ
Барои 21 омӯзгори деҳаи дурдасти Ховалинг ба тариқи ҳашар хобгоҳ сохтанд
Хобгоҳ барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 сохта, ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Омӯзгорони деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг соҳиби хобгоҳ шуданд.
Дар ин бора, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки хобгоҳи мазкур бо тариқи ҳашар аз ҷониби соҳибкорони маҳалии деҳаи Сиёҳфарк сохта шудааст.
Дар хобгоҳ барои 21 омӯзгор шароити хуби истиқомат фароҳам оварда шудааст.
Бинои хобгоҳ аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 1 млн сомонӣ бунёд шудааст. Он аз 7 утоқи хоби 3 нафара, 2 утоқи оилавӣ, 1 ошхона ва 4 ҳаммом иборат мебошад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд.
Аз ҷумла, омӯзгороне, ки маротибаи аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин, таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон барои омӯзгороне, ки маротибаи аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ, қарзҳои бефоиз ё имтиёзнок муқаррар карда мешаванд.
Ахиран дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи омӯзгор" қабул шуд, ки он ҳам ба баланд бардоштани шаъну шарафи муаллим дар ҷомеа ва додани имтиёзҳо ба омӯзгорон нигаронида шудааст.