Мақомоти ИДМ аз хатари афзояндаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон гуфтанд

© AP / Abdul KhaliqАфганские фермеры собирают урожай мака. Архивное фото
Афганские фермеры собирают урожай мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2025
Обуна шудан
Ҷараёни маводи мухаддир аз Афғонистон дар моҳҳои охир афзоиш ёфтааст ва қочоқчиён кӯшиш мекунанд, ки аз марз бо Тоҷикистон гузаранд ва роҳҳои нав таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 31 окт - Sputnik. Ҷараёни маводи мухаддир аз Афғонистон афзоиш меёбад ва қочоқчиёни маводи мухаддир барои убур аз марз бо Тоҷикистон мубориза мебаранд.
Инро Александр Манилов, раиси Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзии ИДМ, зимни мулоқот дар Манас изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҷараёни маводи мухаддир аз Афғонистон дар моҳҳои охир афзоиш ёфтааст ва қочоқчиён кӯшиш мекунанд, ки аз марз бо Тоҷикистон гузаранд ва роҳҳои нав таъсис диҳанд.
"Мо инчунин ҷараёни маводи мухаддирро дар минтақаи Хазар, аз ҷумла тавассути Эрон ба Озарбойҷон, қайд мекунем. Ин унсурҳои наве ҳастанд, ки ҳангоми таҳлили вазъият дар марзҳои беруна бояд ба назар гирифта шаванд. Мо чораҳоеро, ки бояд барои тақвияти амнияти марз дар марзҳои беруна андешида шаванд, муфассал баррасӣ кардем", - гуфт Манилов.
Рӯзи 25 октябр расонаҳои Афғонистон дар бораи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон хабар доданд; сабаби ин ҳодиса маълум нест.
Қаблан Александр Манилов, раиси Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзии Иттиҳод, изҳор дошт, ки НАТО дар марзҳои ИДМ корҳои иктишофӣ анҷом медиҳад ва қочоқи маводи мухаддирро аз Афғонистон афзоиш медиҳад.
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи баҳри Хазар боиси нигаронии хос аст, гуфт ӯ.
"Гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористон ташкил шудаанд... Миқдори [маводи мухаддир]-е, ки аз Афғонистон интиқол дода мешавад, баръакс, афзоиш меёбад", - хабар дод ӯ.
Ахиран дар Душанбе зимни як ҷаласаи вижаи сохторҳои амниятии ИДМ Владимир Удалов, муовини директори Созмони асосии ИДМ оид баомӯзиши мубориза ботерроризм ва ифротгароӣ изҳор дошт, ки сарфи назар аз талошҳои мақомоти Афғонистон, тиҷорати маводи мухаддир як масъалаи мубрам боқӣ мемонад.
Работа пограничного управления ФСБ России на приграничных территориях в Челябинской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2025
Мусодираи 20 тонна маводи мухаддир: Ҷамъбасти кори муштараки ИДМ дар 21-сол
"Фаъолшавии гурӯҳҳои фаромиллии қочоқи маводи мухаддир даркишварҳои Осиёи Марказӣ сабт шуда, ҳаҷми назарраси қочоқи маводи мухаддири Афғонистон, ки масири шимолӣ маъруф аст, идома дорад",- гуфт вай.
Удалов ҳамчунин ба омори Созмони Милали Муттаҳид ишора кард, ки афзоиши 30 дарсадии тавлиди афюнро соли 2024 дар Афғонистон нишон медиҳад.
Қаблан мақомоти тоҷик гузориш доданд, ки дар шаш моҳи гузашта беш аз 3 тоннаву 107 кило ин моддаро мусодира кардаанд.
Ба гузориши Агентии назорати маводи нашъаовар, ин нишондод нисбат ба ҳамин давра соли қаблӣ 10,3 кг бештар аст.
Таъкид мешавад, ки беш аз 54%-и маводи мухаддири дар Тоҷикистон мусодирашуда, дар навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон буда, аз 3 тоннаву 107 кило 1 тоннаву 692 килояш ба ин манотиқ рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0