https://sputnik.tj/20251031/belousov-rusiya-tamin-siloh-kishvarho-idm-oson-1072575838.html
Белоусов: Русия таъмини силоҳ ба кишварҳои ИДМ-ро осону таҷрибаи ҷангияшро шарик мекунад
Белоусов: Русия таъмини силоҳ ба кишварҳои ИДМ-ро осону таҷрибаи ҷангияшро шарик мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Русия барои фаъолона пешбурди муҷаҳҳазсозии артишҳои кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир саъй ва таҷрибаи дар амалиёти вижа андӯхтаашро шарик менамояд, гуфт вазири дифоъ
2025-10-31T17:44+0500
2025-10-31T17:44+0500
2025-10-31T17:44+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
андрей белоусов
идм
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1f/1072576801_360:385:2773:1742_1920x0_80_0_0_70544f635963c742993d76e15eef2859.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт - Sputnik. Русия ба муҷаҳҳаз кардани артишҳои миллии кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир ва мубодилаи таҷрибаи дар амалиёти вижаи низомӣ андӯхтааш мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора вазири дифои Русия Андрей Белоусов изҳор дошт, зимни ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ИДМ дар Алмаато изҳор дошт.Белоусов таъкид кард: "Мо рӯзномаи хеле васеъ дорем. Ба натиҷаҳои татбиқи консепсияи ҳамкории низомӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он дар шароити кунунӣ таваҷҷӯҳи зиёд хоҳем дод",- гуфт ӯ.Таъкид гардид, ки Русия барои фаъолона пешбурди муҷаҳҳазсозии артишҳои кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир саъй мекунад. "Мо тасмим гирифтем, ки фаъолиятҳои муштараки амалиётӣ ва омӯзиши ҷангиро густариш диҳем, муҷаҳҳазсозии артишҳои миллиро бо силоҳҳои муосир осон кунем ва таҷрибаи андӯхташударо дар давоми амалиёти махсуси низомӣ дар Украина мубодила кунем", - изҳор дошт Белоуссов. Вазири дифоъи Русия қайд кард, ки ҳифз кардани хотираи Пирӯзии муштарак дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва пешгирӣ аз тақаллуби натиҷаҳои он анъанавӣ самти махсуси талошҳои муштарак буда, пешниҳод кард, ки дар ин масъалаҳо дар рафти мулоқот мубодилаи афкор сурат гирад.
https://sputnik.tj/20251025/amniyat-tojikiston-mashq-idm-saad-amali-1072418961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1f/1072576801_311:0:2800:1867_1920x0_80_0_0_f84e9db96acc2c1ed737b99eec8ea64c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белоусов русия таъмин силоҳ кишварҳо идм осон
белоусов русия таъмин силоҳ кишварҳо идм осон
Белоусов: Русия таъмини силоҳ ба кишварҳои ИДМ-ро осону таҷрибаи ҷангияшро шарик мекунад
Русия барои фаъолона пешбурди муҷаҳҳазсозии артишҳои кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир саъй ва таҷрибаи дар амалиёти вижа андӯхтаашро шарик менамояд, гуфт вазири дифоъ
ДУШАНБЕ, 31 окт - Sputnik. Русия ба муҷаҳҳаз кардани артишҳои миллии кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир ва мубодилаи таҷрибаи дар амалиёти вижаи низомӣ андӯхтааш мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бора вазири дифои Русия Андрей Белоусов изҳор дошт, зимни ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ИДМ дар Алмаато изҳор дошт.
"Бо назардошти вазъияти мураккаби низомӣ-сиёсӣ, равиши ягона ба гузаштаи қаҳрамононаи муштараки мо ва арзёбии чолишҳо ва таҳдидҳои муосир махсусан муҳим аст",- гуфт ӯ.
Белоусов таъкид кард: "Мо рӯзномаи хеле васеъ дорем. Ба натиҷаҳои татбиқи консепсияи ҳамкории низомӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он дар шароити кунунӣ таваҷҷӯҳи зиёд хоҳем дод",- гуфт ӯ.
Таъкид гардид, ки Русия барои фаъолона пешбурди муҷаҳҳазсозии артишҳои кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир саъй мекунад.
"Мо тасмим гирифтем, ки фаъолиятҳои муштараки амалиётӣ ва омӯзиши ҷангиро густариш диҳем, муҷаҳҳазсозии артишҳои миллиро бо силоҳҳои муосир осон кунем ва таҷрибаи андӯхташударо дар давоми амалиёти махсуси низомӣ дар Украина мубодила кунем", - изҳор дошт Белоуссов.
Вазири дифоъи Русия қайд кард, ки ҳифз кардани хотираи Пирӯзии муштарак дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва пешгирӣ аз тақаллуби натиҷаҳои он анъанавӣ самти махсуси талошҳои муштарак буда, пешниҳод кард, ки дар ин масъалаҳо дар рафти мулоқот мубодилаи афкор сурат гирад.