https://sputnik.tj/20251030/gharb-mushkilot-zelenskiy-vaz-amaliyot-vizha-1072544986.html
Ғарб мушкилоти Зеленский дар робита ба вазъ дар минтақаи амалиёти вижаро, ошкор кард
Ғарб мушкилоти Зеленский дар робита ба вазъ дар минтақаи амалиёти вижаро, ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Режими Киев намехоҳад мушкилоти ҷиддии кишвар, аз қабили кам шудани захираҳо, норасоии қувва дар артишро эътироф кунад, менависад расонаҳои Испания
2025-10-30T18:07+0500
2025-10-30T18:07+0500
2025-10-30T18:07+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
русия
украина
ғарб
владимир зеленский
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064719745_0:84:3066:1809_1920x0_80_0_0_df2d8cc06a48691e82aa87c704018479.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Барои Владимир Зеленский пинҳон кардани вазъияти воқеии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа, торафт душвортар мешавад. Дар ин бора нашрияи испании Rebelion хабар медиҳад. Нашрия қайд карда, ки режими Киев инчунин аз эътироф кардани мушкилоти ҷиддии кишвар, аз қабили кам шудани захираҳо, норасоии кадрҳо дар артиш, фурӯпошии пурраи иқтисодӣ ва қарзи бузург худдорӣ мекунад.Қаблан, президент Владимир Путин изҳор дошт, ки воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Купянск ва Красноармейск муҳосира шудаанд. Ӯ изҳор дошт, ки роҳбарияти сиёсии Украина бояд сарнавишти шаҳрвандони дар муҳосира қарордоштаро ҳал кунад. Авохири моҳи август, сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов таъкид кард, ки артиши Украина дар фасли баҳор ва тобистон кӯшиш кард, ки ҳамлаи Русияро суст кунад, аммо талафоти бузурге дид. Ӯ изҳор дошт, ки ташаббуси стратегӣ дар минтақаи амалиёти вижа пурра ба дӯши Маскав аст.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати ин амалиётро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва генотсид қарор гирифтаанд" тавсиф кард. Ӯ изҳор дошт, ки ҳадафи ниҳоии амалиёти махсуси низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои Ғарб расман иштироки худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.
https://sputnik.tj/20251030/tramp-jinpin-buhron-ukraina-barrasi-1072535785.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064719745_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_780863c60e12dbb8c7f6f2b8ce6b82a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, вижа, украина
Ғарб мушкилоти Зеленский дар робита ба вазъ дар минтақаи амалиёти вижаро, ошкор кард
Режими Киев намехоҳад мушкилоти ҷиддии кишвар, аз қабили кам шудани захираҳо, норасоии қувва дар артишро эътироф кунад, менависад расонаҳои Испания
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Барои Владимир Зеленский пинҳон кардани вазъияти воқеии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа, торафт душвортар мешавад.
Дар ин бора нашрияи испании Rebelion хабар медиҳад.
"Шикастҳои пайвастаи Украина дар хатти ҷабҳаро дигар пинҳон кардан мумкин нест <…>. Ин сабаби дархостҳои ноумедонаи Зеленский барои силоҳи иловагӣ аз Ғарб аст", - гуфта мешавад дар мақола.
Нашрия қайд карда, ки режими Киев инчунин аз эътироф кардани мушкилоти ҷиддии кишвар, аз қабили кам шудани захираҳо, норасоии кадрҳо дар артиш, фурӯпошии пурраи иқтисодӣ ва қарзи бузург худдорӣ мекунад.
Қаблан, президент Владимир Путин изҳор дошт, ки воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Купянск ва Красноармейск муҳосира шудаанд. Ӯ изҳор дошт, ки роҳбарияти сиёсии Украина бояд сарнавишти шаҳрвандони дар муҳосира қарордоштаро ҳал кунад.
Авохири моҳи август, сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов таъкид кард, ки артиши Украина дар фасли баҳор ва тобистон кӯшиш кард, ки ҳамлаи Русияро суст кунад, аммо талафоти бузурге дид. Ӯ изҳор дошт, ки ташаббуси стратегӣ дар минтақаи амалиёти вижа пурра ба дӯши Маскав аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати ин амалиётро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва генотсид қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳадафи ниҳоии амалиёти махсуси низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои Ғарб расман иштироки худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.