https://sputnik.tj/20251030/artish-rusiya-sohil-rost-daryo-yanchur-ozod-1072541817.html
Вазорати дифоъ аз пешрафти чашмгири нерӯҳои "Шарқ" дар амалиёти вижа гуфт
Вазорати дифоъ аз пешрафти чашмгири нерӯҳои "Шарқ" дар амалиёти вижа гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" ба гузориши Вазорати дифоъ, дар ин ҳафта бо роҳандозии амалиёти пуршиддат панҷ маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд
2025-10-30T16:11+0500
2025-10-30T16:11+0500
2025-10-30T16:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
амалиёти вижа
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072542093_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_79ee672a1e676ac4b7b18b3730d38d69.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Нерӯҳои низомии гурӯҳи "Шарқ"-и артиши Русия, минтақаи Красногорское дар вилояти Запорожеро таҳти назорати худ гирифта, озодсозии соҳили рости рӯдхонаи Янчурро анҷом доданд. Дар ин бора ба ТАСС нерӯҳои амниятии Русия хабар доданд. Ҳамчунин вазорати дифои Русия аз озод шудани Красногорское дар вилояти Запороже хабар дода буд. Нерӯҳои амниятӣ қайд карданд, ки "дар натиҷаи амалҳои дилпурона ва қатъӣ сарбозони Приморе як минтақаи дифоъи душманро, ки масоҳати умумии беш аз 5 километри мураббаъро дар соҳили шарқии дарёи Янчур фаро гирифтааст, таҳти назорат гирифтанд"."Талафони душман то як взводи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, чаҳор мошини зиреҳпӯш ва 9 мошинро ташкил додааст", - афзуд онҳо. Гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" дар ин ҳафта панҷ маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд.Амалиёти махсус дар УкраинаРусия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251030/tramp-jinpin-buhron-ukraina-barrasi-1072535785.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072542093_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_fed5a4b924ffb7ba192fcdae58f80e9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш русия соҳил рост дарё янчур озод
артиш русия соҳил рост дарё янчур озод
Вазорати дифоъ аз пешрафти чашмгири нерӯҳои "Шарқ" дар амалиёти вижа гуфт
Гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" ба гузориши Вазорати дифоъ, дар ин ҳафта бо роҳандозии амалиёти пуршиддат панҷ маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Нерӯҳои низомии гурӯҳи "Шарқ"-и артиши Русия, минтақаи Красногорское дар вилояти Запорожеро таҳти назорати худ гирифта, озодсозии соҳили рости рӯдхонаи Янчурро анҷом доданд.
Дар ин бора ба ТАСС нерӯҳои амниятии Русия хабар доданд.
Ҳамчунин вазорати дифои Русия аз озод шудани Красногорское дар вилояти Запороже хабар дода буд.
"Воҳидҳои ҳуҷумкунандаи бригадаи 60-уми ҷудогонаи саворати тирандози артиш дар Красногорское парчами Русияро барафрохта, бо ҳамин озодсозии соҳили рости дарёи Янчур дар вилояти Запорожеро ба итмом расониданд", - гуфт манбаъ.
Нерӯҳои амниятӣ қайд карданд, ки "дар натиҷаи амалҳои дилпурона ва қатъӣ сарбозони Приморе як минтақаи дифоъи душманро, ки масоҳати умумии беш аз 5 километри мураббаъро дар соҳили шарқии дарёи Янчур фаро гирифтааст, таҳти назорат гирифтанд".
"Талафони душман то як взводи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, чаҳор мошини зиреҳпӯш ва 9 мошинро ташкил додааст", - афзуд онҳо.
Гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" дар ин ҳафта панҷ маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд.
Амалиёти махсус дар Украина
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.