Тоҷикистон истеҳсоли бензинро афзоиш додааст

© Sputnik / Владимир АстапковичНефтяные резервуары. Иллюстративное фото
Нефтяные резервуары. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон барои таъминоташ дар нуҳ моҳ беш аз як млрд долларро харҷи хариди маводи сӯхт аз хориҷа кардааст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи нафтро афзоиш, аммо суръати коркарди он коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Оҷонси омори кишвар.
Ба иттилои манбаъ, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҷумҳурӣ қариби 14 ҳазор тон нафти худиро истихроҷ кардааст.
Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 19% зиёд мебошад, иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ – 23,2% кам шудааст.
Сабаби коҳиш камшавии истеҳсоли мазут – 25,6%, сӯзишвории дизелӣ – 10,7% гуфта мешавад.
Встреча министра энергетики и водных ресурсов с заместителем председателя правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2025
Русия масъалаи ширкат дар коркарди конҳои нафти Тоҷикистонро баррасӣ мекунад
Тайи ин муддат дар кишвар истеҳсоли бензинро қариби 18 баробар зиёд шудааст.

Дар ҷумҳурӣ қариби 5,1 ҳазор тон бензин истеҳсол шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 287 тонна будааст, иттилоъ дод Агентии омор.
Ҳамчунин кишвар барои таъминоташ дар нуҳ моҳ беш аз як млрд долларро харҷи хариди маводи сӯхт аз хориҷа кардааст.
Ҷумҳурӣ аз январ то сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 1,46 млн тонна маводи сӯхт ворид кардааст, ки ин нишондод соли гузашта 1,2 млн тоннаро ташкил дод, бармеояд аз омори гумруки Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0