https://sputnik.tj/20251029/tojikiston-ahamiyat-talimi-kudakon-muhojir-rusiya-1072512240.html
Тоҷикистон ба аҳамияти таълими кӯдакони муҳоҷир дар Русия таъкид кард
Тоҷикистон ба аҳамияти таълими кӯдакони муҳоҷир дар Русия таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аҳамияти васеъ кардани имкониятҳои таҳсил барои фарзандони шаҳрвандоне, ки муваққатан дар Русия зиндагӣ мекунанд, таъкид карда шуд
2025-10-29T15:03+0500
2025-10-29T15:03+0500
2025-10-29T15:03+0500
муҳоҷират
дар тоҷикистон
русия
таълим
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1d/1072510812_0:0:3082:1734_1920x0_80_0_0_190ecab81b13cc0aa37983bd92b71f71.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Густариши имкониятҳои таълимӣ барои фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, муҳим аст. Дар ин бора, сардори Департаменти ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Раҳимӣ зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии илмӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илм ва маориф изҳор дошт. Ӯ бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои Русия, ки ба тақвияти нақши забони русӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла кори он дар доираи СММ нигаронида шудаанд, пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, "ин бо рӯҳияи муносибатҳои стратегӣ, ҳифз ва тақвияти дастовардҳо дар соҳаи маориф мувофиқ хоҳад буд".Ӯ инчунин имкониятҳои бузургеро барои густариши минбаъдаи мубодилаи академӣ ва лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ байни ду кишвар қайд кард."Ҳамаи ин ба тақвияти мактабҳои илмӣ, рушди соҳаҳои инноватсионӣ ва эҷоди фазои умумии таълимӣ мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ. Раҳимӣ қайд кард, ки дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ, соҳаи гуманитарӣ ба пуле табдил меёбад, ки ҷомеаро мепайвандад ва эътимодро мустаҳкам мекунад. Ба гуфтаи дипломат, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ва Русия сатҳи баланди омодагиро барои густариши ташаббусҳои муштарак нишон медиҳанд. Дар Душанбе бо ширкати намояндагони ҷомеаҳои илмии ҳарду кишвар конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи "Ҳамкории байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф: вазъият ва дурнамо" баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20251015/kravtsov-loihaho-talimi-rusiya-tojikiston-1072124233.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1d/1072510812_16:0:2747:2048_1920x0_80_0_0_5251af5e21a2c6fc62be00510328b2d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таълими кӯдакон, муҳоҷир, русия
тоҷикистон, таълими кӯдакон, муҳоҷир, русия
Тоҷикистон ба аҳамияти таълими кӯдакони муҳоҷир дар Русия таъкид кард
Дар Тоҷикистон зиёд кардани имкониятҳои таҳсил барои фарзандони шаҳрвандоне, ки муваққатан дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, таъкид карда шуд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Густариши имкониятҳои таълимӣ барои фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, муҳим аст.
Дар ин бора, сардори Департаменти ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Раҳимӣ зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии илмӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илм ва маориф изҳор дошт.
Ӯ бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои Русия, ки ба тақвияти нақши забони русӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла кори он дар доираи СММ нигаронида шудаанд, пуштибонӣ мекунад.
"Ман мехоҳам аҳамияти васеъ кардани имкониятҳои таълимиро барои фарзандони шаҳрвандони мо, ки муваққатан дар Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд, таъкид кунам", - гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи ӯ, "ин бо рӯҳияи муносибатҳои стратегӣ, ҳифз ва тақвияти дастовардҳо дар соҳаи маориф мувофиқ хоҳад буд".
Ӯ инчунин имкониятҳои бузургеро барои густариши минбаъдаи мубодилаи академӣ ва лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ байни ду кишвар қайд кард.
"Ҳамаи ин ба тақвияти мактабҳои илмӣ, рушди соҳаҳои инноватсионӣ ва эҷоди фазои умумии таълимӣ мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Раҳимӣ қайд кард, ки дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ, соҳаи гуманитарӣ ба пуле табдил меёбад, ки ҷомеаро мепайвандад ва эътимодро мустаҳкам мекунад.
Ба гуфтаи дипломат, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ва Русия сатҳи баланди омодагиро барои густариши ташаббусҳои муштарак нишон медиҳанд.
Дар Душанбе бо ширкати намояндагони ҷомеаҳои илмии ҳарду кишвар конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи "Ҳамкории байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф: вазъият ва дурнамо" баргузор гардид.