Дар Тоҷикистон минтақаи махсуси зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад.

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкМеждународный симпозиум "Создавая будущее" в Москве
Международный симпозиум Создавая будущее в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2025
Обуна шудан
Ин иқдом дар пайи пешниҳоди Тоҷикистон ба СММ дар бораи зарурати эҷоди механизмҳои ҷаҳонии худтанзимкунӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии AI Conf-2025 оид ба зеҳни сунъӣ маросими имзои созишномаи консорсиуми сармоягузории зеҳни сунъӣ баргузор шуд.
Қайд карда мешавад, ки ин тасмим оғози нахустин Минтақаи вижаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон аст. Ин иқдом дар пайи пешниҳоди Тоҷикистон ба СММ дар бораи зарурати эҷоди механизмҳои ҷаҳонии худтанзимкунӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ сурат гирифтааст.
Учащиеся начальной школы в компьютерном классе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2025
Дар Тоҷикистон то соли 2028 миллионҳо талаба ба дарсҳои зеҳни сунъӣ фаро гирифта мешаванд
Ҳадафи аслии консорсиуми Area AI табдил додани Тоҷикистон ба як маркази минтақавии рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи платформа муттаҳид кардани ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Таъкид мешавад, ки лоиҳа комилан ба таҳия, озмоиш ва татбиқи барномаҳо ва ҳалли шабакаҳои нейронӣ бахшида мешавад.
Қарор аст, ки консорсиум ҳамчун як ниҳоди роҳбарикунанда фаъолият намуда, холдингҳои IT, марказҳои тадқиқотӣ ва стартапҳоро барои эҷоди як экосистемаи нави технологӣ дар Тоҷикистон муттаҳид намояд.
Лентаи хабарҳо
0