https://sputnik.tj/20251027/idm-iiao-naqsha-amal-tahiya-muhim-1072466566.html
ИДМ ва ИИАО нақшаи амалро таҳия кардаанд: он чаро муҳим аст?
ИДМ ва ИИАО нақшаи амалро таҳия кардаанд: он чаро муҳим аст?
Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи ҳамкориҳои минбаъда имкон медиҳад ҳамлу нақли молҳо дар дохили Иттиҳод бидуни маҳдудият ё монеа анҷом шавад, мегӯянд таҳиягарон
2025-10-27T14:55+0500
2025-10-27T14:55+0500
2025-10-27T14:55+0500
ииао
идм
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063003522_307:157:1267:697_1920x0_80_0_0_025eda8978e2b241bb12a615359efc36.png
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. ИДМ ва ИИАО нақшаи ҳамкориҳо барои давраи ояндаро таҳияку тасдиқ мекунанд, ки он беш аз 300 нуқтаро дар бар мегирадДар ин бора ба хабарнигорон муовини аввали дабири кулли ИДМ Игор Петришенко изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҷаласаи рӯзи душанбеи Шӯрои намояндагони доимии Иттиҳод баррасӣ хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, ҳоло нақшаи соли 2023 амал мекунад ва дар соли 2025 ба охир мерасад. нақшаи мувофиқ барои давраи оянда таҳия мешавад, ки беш аз 300 нуқтаро дар самтҳои мушаххас дар бар мегирад.Ба гуфтаи ӯ, ин пеш аз ҳама ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, амнияти озуқаворӣ ва танзими фаннӣ мебошад. "Самтҳои хеле васеъ аст, ки имкон медиҳад, ки молҳо дар дохили Иттиҳод озодона ва бидуни монеа ҳаракат кунанд. Ин як унсури муҳим дар ҳамоҳангсозии кори мост, то мо метавонем аз он чизе, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалӣ шуда буд, ба самараи ҳамгироии синергетикӣ ноил шавем", - гуфт Петришенко. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони доимӣ натоиҷи ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷиро ҷамъбаст намуда, вазифаҳоро оид ба татбиқи санадҳои қабулкардаи мақомоти олии оинномавӣ ва тавофуқоти ҳосилшуда муайян мекунанд.
https://sputnik.tj/20251022/mishustin-rusiya-tijorato-iiao-idm-briks-shsh-1072310021.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063003522_327:0:1323:747_1920x0_80_0_0_66027e50ba05bc4436b5c941fa9a576b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм ииао нақша амал таҳия муҳим
идм ииао нақша амал таҳия муҳим
ИДМ ва ИИАО нақшаи амалро таҳия кардаанд: он чаро муҳим аст?
Нақшаи ҳамкориҳои минбаъда имкон медиҳад ҳамлу нақли молҳо дар дохили Иттиҳод бидуни маҳдудият ё монеа анҷом шавад, мегӯянд таҳиягарон
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. ИДМ ва ИИАО нақшаи ҳамкориҳо барои давраи ояндаро таҳияку тасдиқ мекунанд, ки он беш аз 300 нуқтаро дар бар мегирад
Дар ин бора ба хабарнигорон муовини аввали дабири кулли ИДМ Игор Петришенко изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҷаласаи рӯзи душанбеи Шӯрои намояндагони доимии Иттиҳод баррасӣ хоҳад шуд.
"Мо беш аз 12 сол боз бо Комиссияи иқтисодии Авруосиё ҳамкорӣ дорем. Он панҷ давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бар мегирад ва масъалаи ҳамгироии сирф иқтисодӣ бо дарназардошти салоҳиятҳои мушаххасе, ки ба ин созмон дода шудааст, фаъолонатар пеш бурда мешавад. Барои пешгирии ихтилофот бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалӣ, мо дар чаҳорчӯби нақшаҳои Кумитаи ИДМ ва ИИАО фаъолона ҳамкорӣ мекунем",- гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло нақшаи соли 2023 амал мекунад ва дар соли 2025 ба охир мерасад. нақшаи мувофиқ барои давраи оянда таҳия мешавад, ки беш аз 300 нуқтаро дар самтҳои мушаххас дар бар мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, ин пеш аз ҳама ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, амнияти озуқаворӣ ва танзими фаннӣ мебошад.
"Самтҳои хеле васеъ аст, ки имкон медиҳад, ки молҳо дар дохили Иттиҳод озодона ва бидуни монеа ҳаракат кунанд. Ин як унсури муҳим дар ҳамоҳангсозии кори мост, то мо метавонем аз он чизе, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалӣ шуда буд, ба самараи ҳамгироии синергетикӣ ноил шавем", - гуфт Петришенко.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони доимӣ натоиҷи ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷиро ҷамъбаст намуда, вазифаҳоро оид ба татбиқи санадҳои қабулкардаи мақомоти олии оинномавӣ ва тавофуқоти ҳосилшуда муайян мекунанд.