https://sputnik.tj/20251027/artish-ukraina-neru-hamla-viloyat-sumi-dast-dod-1072471099.html
Артиши Украина 80% нерӯи ҳамлаии худро дар вилояти Сумӣ аз даст дод
Артиши Украина 80% нерӯи ҳамлаии худро дар вилояти Сумӣ аз даст дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба дунболи пешраф, нерӯҳои Русия дар вилояти Сумӣ як минтақаи амниятӣ аз 8 то 12 километр умқи он бунёд кардаанд
2025-10-27T16:33+0500
2025-10-27T16:33+0500
2025-10-27T16:33+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
амалиёти вижа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/18/1072419983_0:36:2976:1710_1920x0_80_0_0_ff0922317710dd62104e415e2b12ca66.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як ҳамлаи ҷавобӣ дар вилояти Сумӣ 80 дарсади гурӯҳи ҳамлагари полки 225-ро аз даст доданд. Дар ин бора мақомоти амниятии Русия ба РИА "Новости" хабар доданд. Дар ин самт гуруҳи қувваҳои "Шимол" ҳам дар вилояти Харков амал мекунад. Танҳо дар 24 соати охир сарбозони он ба мавқеъҳои Украина дар чанд маҳаллаи аҳолинишин зарба заданд. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз 190 сарбоз гузашт. Нерӯҳои Русия дар вилояти Сумӣ як минтақаи амниятӣ аз 8 то 12 километр умқи он бунёд кардаанд. Ба гуфтаи президент Владимир Путин, ин натиҷаи ҳамлаи Украина ба вилояти Курск ва ба дунбол ду ҳазор километр дароз кардани хатти ҷабҳа буд. Вай таъкид кард, ки Русия ҳадафи гирифтани Сумиро надорад, аммо чунин имконро истисно кардан мумкин нест, зеро амалиёти артишро мантиқи инкишофи ҷанг дикта мекунад.
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/18/1072419983_102:0:2833:2048_1920x0_80_0_0_eb49395e5f3ad1b6e2b7e180a637edae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш украина нерӯи ҳамлаии сумӣ нобуд
артиш украина нерӯи ҳамлаии сумӣ нобуд
Артиши Украина 80% нерӯи ҳамлаии худро дар вилояти Сумӣ аз даст дод
Ба дунболи пешраф, нерӯҳои Русия дар вилояти Сумӣ як минтақаи амниятӣ аз 8 то 12 километр умқи он бунёд кардаанд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як ҳамлаи ҷавобӣ дар вилояти Сумӣ 80 дарсади гурӯҳи ҳамлагари полки 225-ро аз даст доданд.
Дар ин бора мақомоти амниятии Русия ба РИА "Новости" хабар доданд.
"Нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои анҷоми ҳамлаи ҷавобӣ воҳидҳои полки 225-уми ҷудогонаи ҳуҷумкунандаро сафарбар карданд. Дар ҷараёни ақибзанӣто 80 дарсади гурӯҳи ҳамлагари душман нобуд карда шуда, боқимонда ба мавқеъҳои мушобеҳ ақибнишинӣ карданд", - гуфт манбаъ.
Дар ин самт гуруҳи қувваҳои "Шимол" ҳам дар вилояти Харков амал мекунад.
Танҳо дар 24 соати охир сарбозони он ба мавқеъҳои Украина дар чанд маҳаллаи аҳолинишин зарба заданд. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз 190 сарбоз гузашт.
Нерӯҳои Русия дар вилояти Сумӣ як минтақаи амниятӣ аз 8 то 12 километр умқи он бунёд кардаанд.
Ба гуфтаи президент Владимир Путин, ин натиҷаи ҳамлаи Украина ба вилояти Курск ва ба дунбол ду ҳазор километр дароз кардани хатти ҷабҳа буд.
Вай таъкид кард, ки Русия ҳадафи гирифтани Сумиро надорад, аммо чунин имконро истисно кардан мумкин нест, зеро амалиёти артишро мантиқи инкишофи ҷанг дикта мекунад.