Довталабони тоҷик ба донишгоҳҳои Русия таваҷҷуҳи зиёд доранд: видео

Обуна шудан
Имсол стендҳои намоишии донишгоҳҳои пешбари Русия ду ошёнаи Хонаи Русияро дар Душанберо пур карданд
Дар Тоҷикистон 13-умин намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии "Таҳсилоти Русия - 2025" кушода шуд.
Зиёда аз 30 муассисаи таҳсилоти олии Русия барномаҳои худро ба донишҷӯёни ояндадори кишвар муаррифӣ карданд.
Роҳбари дафтари "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Андрей Патрушев, ин чорабиниро як марҳилаи муҳим дар ҳамкории маориф байни Русия ва Тоҷикистон номид.
Намоишгоҳ аввал дар Душанбе барои ду рӯз баргузор мешавад ва сипас ба Хуҷанд сафар мекунад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки имсол стендҳои намоишии донишгоҳҳои пешбари Русия ду ошёнаи Хонаи Русияро ишғол карданд.
Дар Душанбе намоишгоҳи таълимии беш аз 30 донишгоҳи Русия баргузор шуд
Дар намоишгоҳ ҳам донишгоҳҳои ботаҷриба ва бонуфуз дар бахши маорифи кишвар ва ҳам донишгоҳҳои нави умедбахш ширкат карданд.
Тафсилоти бештарро дар видеои Sputnik Tajikistan тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0