Дар Тоҷикистон марҳилаи асосии машқҳои зиддитеррористии ИДМ баргузор шуд

© Foto / Министерство обороны Республики БеларусьПодготовка к учениям "Нерушимое братство-2025" и "Барьер-2025" в Таджикистане
Подготовка к учениям Нерушимое братство-2025 и Барьер-2025 в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2025
Обуна шудан
Қувваҳои низомии ҳафт кишвари ИДМ дар машқҳои бузургмиқёс дар Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии "Иттиҳод-Антитеррор-2025" бо ширкати кишварҳои ИДМ дар машқгоҳи Фахрободи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин бора, дафтари матбуоти Маркази зиддитеррористии ИДМ хабар дод.
Ин тамринот бо марҳилаи ниҳоии машқҳои сулҳҷӯёнаи СААД "Бародарии шикастнопазир" якҷоя карда мешавад.
Дар ин чорабиниҳо нерӯҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Марҳилаи аввали ин машқ аз 7 то 9 октябр баргузор шуд. Он машқҳои муайян ва боздошти террористони шартиро дар бар гирифт, ки ҳамлаҳоро ба иншооти муҳими инфрасохторӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба нақша гирифта буданд.
Дар марҳилаи дуюм, воҳидҳои махсуси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) таҳти фармондеҳии Ситоди амалиётии ҷумҳуриявӣ амалиёти зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд. Ҳадафи он озод кардани гаравгонон ва нест кардани террористоне хоҳад буд, ки ҳавопаймои шаҳрвандӣ ва бинои маъмуриро забт кардаанд.
Учения ОДКБ Нерушимое братство - 2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2025
Низомиёни СААД расонидани кумаки башардӯстона дар давраи низоъро машқ карданд
Ҳамчунин, воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда бояд ба оқибатҳои ҳамлаҳои террористӣ посух диҳанд.
Пас аз ин, дар доираи машқҳои "Бародарии шикастнопазир 2025", амалиёти махсус барои боздоштан ва нобуд кардани як гурӯҳи бузурги мусаллаҳи ғайриқонунӣ, анҷом дода мешавад.
Ин машқ 21-умин машқе хоҳад буд, ки таҳти сарпарастии Маркази зиддитеррористии ИДМ баргузор мешавад ва бори сеюм аст, ки Тоҷикистон онро мизбонӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0