https://sputnik.tj/20251024/putin-rusiya-hamla-tomagavk-jiddi-1072403300.html
Путин: Вокуниши Русия ба ҳамлаҳои "Томагавк" ҷиддӣ хоҳад буд
Путин: Вокуниши Русия ба ҳамлаҳои "Томагавк" ҷиддӣ хоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Путин эълони Трамп дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русияро талоши фишор хонд
2025-10-24T13:25+0500
2025-10-24T13:25+0500
2025-10-24T13:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
владимир путин
доналд трамп
амалиёт
тамдиди таҳримот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/18/1072403841_0:88:3000:1776_1920x0_80_0_0_54086ce0e9b3fba7ed1c1c0d1dc21c45.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни шарҳи ҷорӣ намудани таҳримоти нав нисбати Русия, дар бораи вокуниши Русия ба истифодаи "Тамагавк" аз ҷониби Украина дахл кард.Путин гуфт, вокуниши Русия ба ҳамлаҳои "Томагавк" ба қаламрави мо ҷиддӣ хоҳад буд.Дар баробари ин, кишвардори русия зикр кард, ки ИМА кӯшиш мекунад, ки бо таҳримҳои нав ба Русия фишор оварад, аммо ҳеҷ кишваре, ки худро эҳтиром мекунад, таҳти фишор коре намекунад. Ба қавли президенти Русия, ҳоло тавозуни энергетикии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст ва халалдор кардани он ба манфиати кишварҳое нест, ки мехоҳанд ин корро кунанд. Русия ва Арабистони Саудӣ нисбат ба истеъмоли худ нафти бештар мефурӯшанд, бар хилофи ИМА. Дар идомаи суҳбаташ президенти Русия қайд кард, ки агар Русия ва ИМА аз фишор ба муколамаи ҷиддӣ барои дарозмуддат гузаранд, соҳаҳои зиёде барои ҳамкорӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки пештар Трамп гуфта буд, ки ӯ ба ҳалли бомуваффақияти буҳрони Украина итминон дорад, воқеаҳо "хеле хуб инкишоф меёбанд" ва бояд ҳалли дарозмуддати низоъ ба даст ояд.Вай изҳор дошт, ки иҷоза додан ба истифодаи аслиҳаи амрикоӣ барои зарбаҳои дурбурд аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина, збоиси авҷ гирифтани авзоъ мешавад ва интиқоли "Томагавк" метавонад ба “оқибатҳои бад” оварда расонад.Вале, дар баробари ин бастаи нави таҳримотро нисбати Русия ҷорӣ кард ва гуфт, ки натиҷаи онро Русия пас аз ним сол эҳсос хоҳад кард.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251018/tramp-zelenskiy-nizo-ukraina-khotima-1072204515.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/18/1072403841_63:0:2792:2047_1920x0_80_0_0_8f8116800f8f5f4f7b6d4e6bc2d3a741.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, украина, ҳал
Путин: Вокуниши Русия ба ҳамлаҳои "Томагавк" ҷиддӣ хоҳад буд
13:25 24.10.2025 (Навсозишуда: 13:30 24.10.2025) Путин эълони Трамп дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русияро талоши фишор хонд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни шарҳи ҷорӣ намудани таҳримоти нав нисбати Русия, дар бораи вокуниши Русия ба истифодаи "Тамагавк" аз ҷониби Украина дахл кард.
Путин гуфт, вокуниши Русия ба ҳамлаҳои "Томагавк" ба қаламрави мо ҷиддӣ хоҳад буд.
Дар баробари ин, кишвардори русия зикр кард, ки ИМА кӯшиш мекунад, ки бо таҳримҳои нав ба Русия фишор оварад, аммо ҳеҷ кишваре, ки худро эҳтиром мекунад, таҳти фишор коре намекунад.
"Таҳримҳо ба некӯаҳволии иқтисодии русиягиҳо таъсири назаррас нахоҳанд расонд", - гуфт Путин.
Ба қавли президенти Русия, ҳоло тавозуни энергетикии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст ва халалдор кардани он ба манфиати кишварҳое нест, ки мехоҳанд ин корро кунанд.
Русия ва Арабистони Саудӣ нисбат ба истеъмоли худ нафти бештар мефурӯшанд, бар хилофи ИМА.
Дар идомаи суҳбаташ президенти Русия қайд кард, ки агар Русия ва ИМА аз фишор ба муколамаи ҷиддӣ барои дарозмуддат гузаранд, соҳаҳои зиёде барои ҳамкорӣ доранд.
Ин дар ҳолест, ки пештар Трамп гуфта буд, ки ӯ ба ҳалли бомуваффақияти буҳрони Украина итминон дорад, воқеаҳо "хеле хуб инкишоф меёбанд" ва бояд ҳалли дарозмуддати низоъ ба даст ояд.
Вай изҳор дошт, ки иҷоза додан ба истифодаи аслиҳаи амрикоӣ барои зарбаҳои дурбурд аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина, збоиси авҷ гирифтани авзоъ мешавад ва интиқоли "Томагавк" метавонад ба “оқибатҳои бад” оварда расонад.
Вале, дар баробари ин бастаи нави таҳримотро нисбати Русия ҷорӣ кард ва гуфт, ки натиҷаи онро Русия пас аз ним сол эҳсос хоҳад кард.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.