https://sputnik.tj/20251024/artishi-ukraina-hamlahoi-1072400625.html
Артиши Украина сарбозони омоданабударо ба ҳамлаҳои рӯ ба рӯ равон мекунанд
Артиши Украина сарбозони омоданабударо ба ҳамлаҳои рӯ ба рӯ равон мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос рус мегӯяд, ки артиши Русия дар наздикии Ямполи Ҷумҳурии мардумии Донетск ба ҳамлаҳои кушанда равон мешаванд
2025-10-24T15:35+0500
2025-10-24T15:35+0500
2025-10-24T15:35+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
донбасс
амалиёти вижа
русия
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5b2542b852bff199169ba37439cb8716.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Коршиноси низомӣ Андрей Марочко ба РИА Новости гуфт, ки фармондеҳии Украина сарбозонро дар наздикии Ямпол дар ҶМД ба "ҳамлаҳои кушанда" равон кардааст.Марочко хабар дод, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия пешрафти душманро бозмедоранд ва манёврҳои дифоӣ анҷом медиҳанд. Айни замон ҳамлаҳои ҷавобии шадид идома доранд.Денис Пушилин, раҳбари ҶМД, рӯзи душанбе эълон кард, ки нерӯҳои Русия дар Ямпол мавқеи худро мустаҳкам кардаанд ва пас аз озод шудани он, ҳамаи роҳҳои таъминоти душман ба Красный Лиман қатъ карда мешаванд.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251023/neruho-rusiya-havopaymo-besarnishin-sarnagun-1072370529.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_084b85b88f752fb259d985c630fefde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, артиш, ҳамлаҳои кушанда, ҷмд, донетск
украина, амалиёти вижа, артиш, ҳамлаҳои кушанда, ҷмд, донетск
Артиши Украина сарбозони омоданабударо ба ҳамлаҳои рӯ ба рӯ равон мекунанд
Коршинос рус мегӯяд, ки артиши Русия дар наздикии Ямполи Ҷумҳурии мардумии Донетск ба ҳамлаҳои кушанда равон мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Коршиноси низомӣ Андрей Марочко ба РИА Новости гуфт, ки фармондеҳии Украина сарбозонро дар наздикии Ямпол дар ҶМД ба "ҳамлаҳои кушанда" равон кардааст.
"Дар чанд рӯзи охир, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар Ямпол дар ҶМД ва минтақаҳои атрофи он як силсила ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом доданд. Фармондеҳии Украина тактикаи "ҳамлаҳои кушанда"-ро ба кор гирифтааст ва талафотро сарфи назар мекунад", - хабар дод коршинос бо истинод ба манбаъҳои худ.
Марочко хабар дод, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия пешрафти душманро бозмедоранд ва манёврҳои дифоӣ анҷом медиҳанд. Айни замон ҳамлаҳои ҷавобии шадид идома доранд.
Денис Пушилин, раҳбари ҶМД, рӯзи душанбе эълон кард, ки нерӯҳои Русия дар Ямпол мавқеи худро мустаҳкам кардаанд ва пас аз озод шудани он, ҳамаи роҳҳои таъминоти душман ба Красный Лиман қатъ карда мешаванд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.