https://sputnik.tj/20251023/iiao-kishvarho-kamrushdkard-kumak-1072369231.html
Слепнёв: ИИАО ба кишварҳои камрушдкарда пайваста кумак мекунад
Слепнёв: ИИАО ба кишварҳои камрушдкарда пайваста кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев, қайд кард, ки Иттиҳод ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камрушдкарда пайваста кумак мерасонад
2025-10-23T16:39+0500
2025-10-23T16:39+0500
2025-10-23T16:39+0500
ииао
русия
иқтисод
озуқаворӣ
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072369426_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_6192a7c65716f4131c5274f90bd9de6d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)дар таъмини устувории низоми ҷаҳонии озуқаворӣ нақши муҳим дорад. Дар ин бора, Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии Авруосиё гуфт."Дар заминаи дастгирии талошҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд, мо қайд мекунем, ки ИИАО дар таъмини устувории низоми ҷаҳонии озуқаворӣ нақши муҳим дорад", - гуфт ӯ дар ҷаласаи 16-уми Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд.Слепнёв шарҳ дод, ки аз замони таъсисёбӣ, ИИАО "ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камтараққикарда, ки ноустувории иқтисодӣ ва осебпазириро аз сар мегузаронанд, дар шакли имтиёзҳои яктарафаи тарифӣ дастгирии мунтазам расонидааст". Бо назардошти ин, иттиҳод, қарори Созмони ҷаҳонии Тиҷорат дар бораи васеъ кардани имтиёзҳои тарифиро ба кишварҳое, ки СММ рӯйхати онҳоро дар феҳристи кишварҳои камтараққикарда, тамдид мекунад, пуштибонӣ менамояд". Иҷлосияи 16-уми Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд аз 20 то 23 октябр дар Женева баргузор мешавад. Дар он ҳайатҳо аз беш аз 100 кишвар иштирок мекунанд. Онҳо роҳҳои ҳавасмандгардонии табдили иқтисодиро барои рушди одилона, фарогир ва устувор баррасӣ мекунанд. Ин чорабинӣ ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20251022/mishustin-rusiya-tijorato-iiao-idm-briks-shsh-1072310021.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072369426_116:0:1232:837_1920x0_80_0_0_9328116e2d54ba7abeb948e683534914.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао,
Слепнёв: ИИАО ба кишварҳои камрушдкарда пайваста кумак мекунад
Вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев, қайд кард, ки Иттиҳод ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камрушдкарда пайваста кумак мерасонад
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)дар таъмини устувории низоми ҷаҳонии озуқаворӣ нақши муҳим дорад.
Дар ин бора, Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии Авруосиё гуфт.
"Дар заминаи дастгирии талошҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд, мо қайд мекунем, ки ИИАО дар таъмини устувории низоми ҷаҳонии озуқаворӣ нақши муҳим дорад", - гуфт ӯ дар ҷаласаи 16-уми Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд.
Слепнёв шарҳ дод, ки аз замони таъсисёбӣ, ИИАО "ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камтараққикарда, ки ноустувории иқтисодӣ ва осебпазириро аз сар мегузаронанд, дар шакли имтиёзҳои яктарафаи тарифӣ дастгирии мунтазам расонидааст".
Бо назардошти ин, иттиҳод, қарори Созмони ҷаҳонии Тиҷорат дар бораи васеъ кардани имтиёзҳои тарифиро ба кишварҳое, ки СММ рӯйхати онҳоро дар феҳристи кишварҳои камтараққикарда, тамдид мекунад, пуштибонӣ менамояд".
Иҷлосияи 16-уми Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд аз 20 то 23 октябр дар Женева баргузор мешавад.
Дар он ҳайатҳо аз беш аз 100 кишвар иштирок мекунанд. Онҳо роҳҳои ҳавасмандгардонии табдили иқтисодиро барои рушди одилона, фарогир ва устувор баррасӣ мекунанд. Ин чорабинӣ ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад.