Раҳмон хостори таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗаседание Координационного совета Генеральных прокуроров государств-участников СНГ
Заседание Координационного совета Генеральных прокуроров государств-участников СНГ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2025
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидору мулоқот бо додситонҳои кулли кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ омадаанд, гуфт ки баргузории чунин ҷаласа дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад.
Вай бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ бунёд карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз нақши калидии мақомоти прокуратура дар таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, экстремизм ва терроризм таъкид кард.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори фаъоли талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад.
Генпрокурор России Александр Гуцан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2025
Тоҷикистону Русия назорат бар муҳоҷиратро пурзур хоҳанд кард
Ҳамзамон дар ин дидор ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ барои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки ҷонибҳоро зарур аст то дар самти муқовимат ба ҷинояткории киберӣ, минҷумла истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ барои роҳандозии ҳадафҳои ҷиноятии худ чораҳои муштараки ҳамоҳангшуда андешида, мавриди татбиқ қарор диҳанд.
Дар фарҷом изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералӣ ба тавсеаи ҳамкории судманд ва мубодилаи самараноки таҷриба мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0