Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, Украина набояд таслим шавад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкКая Каллас
Кая Каллас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2025
Обуна шудан
Дар посух ба суханони Доналд Трамп раисҷумҳури ИМА, Кая Каллас гуфт, ки Украина наметавонад таслим шавад
ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кая Каллас, дар шарҳи изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи зарурати қатъи амалиёти ҷангӣ дар хатти набард дар Украина ва баррасии масъалаи "мубодилаи қаламрав" изҳор дошт, ки Киев "набояд таслим шавад".
Вай дар шарҳи изҳороти Трамп гуфт: "Украинаҳо... наметавонанд таслим шаванд".
Тавре CNN қаблан хабар дода буд, ҳангоми сӯҳбати "мустақим ва ошкоро" дар Кохи Сафед Трамп ба Зеленский гуфт, ки мушакҳои дурпарвоз ба онҳо дола намешавад.
Axios бо истинод ба манобеъ хабар дод, ки Трамп изҳор дошт, ки ИМА нияти таҳвили мушакҳои Tomahawk ба Украинаро надорад.
Рӯзи шанбе садри аъзами Олмон Фридрих Мерц иқрор шуд, ки сафари Зеленский ба Кохи Сафед тавре набуд, ки ӯ интизор дошт.
Отработка боевого слаживания военнослужащими 8-й разведывательной штурмовой бригады добровольческого корпуса Южной группировки войск. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2025
Пешрафти артиши Русия дар Новопавловка: артиши Украина ақибнишинӣ дорад
Моҳи апрели соли 2025 Трамп изҳор дошт, ки Русия аз даъвои барои тамоми қаламрави Украина даст кашид ва ин як гузашт барои ҳалли низоъ аст. Дар посух ба ин суол, ки оё Украина бояд гузаштҳои ҳудудӣ кунад, Трамп гуфт, ки "ин аз манотиқ вобаста аст".
Пеш аз мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, Зеленский эълон кард, ки гузашти ҳудудӣ нахоҳад кард.
Аммо дар авохири моҳи август ӯ иқрор шуд, ки Украина наметавонад қаламравҳоро ба таври низомӣ бозпас бигирад.
Лентаи хабарҳо
0