Оғози тамринот: Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон мавқеъ гирифтанд

© Foto / Министерство обороны Республики БеларусьПодготовка к учениям "Нерушимое братство-2025" и "Барьер-2025" в Таджикистане
Подготовка к учениям Нерушимое братство-2025 и Барьер-2025 в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2025
Обуна шудан
Нерӯҳои СПАД ҳамагӣ ба макони машқ ҳозир шуда, дар тамринҳои “Бародарони шикастнопазир -2025” дар Тоҷикистон мавқеъҳоро ишғол карданд
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Низомиёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) интиқоли нирӯҳо дар Тоҷикистонро ба анҷом расонданд.
Ин машқҳо дар доираи омодагӣ ба тамриноти муштараки “Бародарони шикастнопазир - 2025” баргузор шуданд.
Бино ба иттилоъи вазорати дифои Белорус, низомиён дар дохили ҷумҳурӣ бомуваффақият ҷойгир шудаанд.
Ситод ҳоло ба нақша гирифтани амалиёти посдории сулҳ, ки ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи бӯҳронӣ равона шудааст, оғоз кардааст. Низомиён хамкории ҳамҷояро амалй мегардонанд.
Аз ҷумла, нирӯҳои посдори сулҳи Белорус ҳамроҳ бо сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия вазифаи посгоҳҳоро иҷро мекунанд.
Учения ОДКБ Рубеж-2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2025
Паҳподҳои зарбазану назоратӣ: Дар машқҳои СПАД чиро месанҷанд - аксҳо
Марҳилаи омодагӣ ба тамринот барои машқҳои “Бародарии шикастнопазир - 2025” ва “Монеа-2025” аз 14 то 19 октябр баргузор шуда, худи машқҳо аз 20 то 24 октябр гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0