https://sputnik.tj/20251017/guftugu-putin-tramp-nuqot-asosi-1072171734.html
Суҳбати телефонии Путин ва Трамп: нуқоти асосӣ аз гуфтугӯи президентҳо
Суҳбати телефонии Путин ва Трамп: нуқоти асосӣ аз гуфтугӯи президентҳо
Sputnik Тоҷикистон
Гуфтугӯи Путин ва Трамп бо ташаббуси Русия сурат гирифт ва 2,5 соат идома кард
2025-10-17T12:12+0500
2025-10-17T12:12+0500
2025-10-17T13:05+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
доналд трамп
владимир путин
президент
суҳбат
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/14/1070238125_0:0:3022:1700_1920x0_80_0_0_6f885168b4b9eb7ba0a6bdf70d8b0d87.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп телефонӣ суҳбат карданд.Ёвари президенти Русия, Юрий Ушаков дар бораи суҳбати раҳбарони Русия ва ИМА изҳорот дод.Нуқоти асосӣ аз суҳбати кишвардорон:Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 август президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп дар Аляска гуфтугӯ карданд.Роҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ музокирот анҷом доданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ карданд. Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ намудандРаисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкони ҳалли низоъ дар Украина вуҷуд дорад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддат таъкид кард.
https://sputnik.tj/20251010/putin-idm-natija-alyaska-ukraina-1071965240.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/14/1070238125_89:0:2820:2048_1920x0_80_0_0_7444101c45ad0d026c472ea7e54f91de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, телефонӣ, трамп, путин
суҳбат, телефонӣ, трамп, путин
Суҳбати телефонии Путин ва Трамп: нуқоти асосӣ аз гуфтугӯи президентҳо
12:12 17.10.2025 (Навсозишуда: 13:05 17.10.2025) Гуфтугӯи Путин ва Трамп бо ташаббуси Русия сурат гирифт ва 2,5 соат идома кард
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп телефонӣ суҳбат карданд.
Ёвари президенти Русия, Юрий Ушаков дар бораи суҳбати раҳбарони Русия ва ИМА изҳорот дод.
Нуқоти асосӣ аз суҳбати кишвардорон:
Путин таъкид кард, ки Русия ҷонибдори ҳалли сиёсӣ ва дипломатии муноқиша дар Украина аст. Вай ба вазъият дар майдони ҷанг баҳои муфассал дод.
Русия ва ИМА омодагиҳоро ба мулоқоти роҳбарон оғоз мекунанд. Вазири хориҷаи Русия Лавров ба зудӣ ин мавзӯъро бо котиби давлатии ИМА Рубио баррасӣ хоҳад кард.
Путин ва Трамп ҳамчунин имкони мулоқоти шахсиро баррасӣ карданд. Трамп пешниҳод кард, ки он дар Маҷористон баргузор шавад, ин идеяро Путин дастгирӣ кард.
Путин аз Трамп хост, ки таманниёти беҳтаринро ба ҳамсараш Мелания бирасонад ва ба ӯ барои ширкаташ дар бозгардонии кӯдакони рус ва украинӣ ба хонаводаҳояшон ташаккур гуфт.
Трамп қайд кард, ки хатми низоъ дар Украина дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва ИМА-ро боз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 август президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп дар Аляска гуфтугӯ карданд.
Роҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ музокирот анҷом доданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ карданд. Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ намуданд
Раисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкони ҳалли низоъ дар Украина вуҷуд дорад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддат таъкид кард.