https://sputnik.tj/20251016/rusiya-afzoishi-gardish-mol-eron-iiao-1072118947.html
Русия ба афзоиши гардиши мол миёни Эрон ва ИИАО бовар дорад
Русия ба афзоиши гардиши мол миёни Эрон ва ИИАО бовар дорад
Sputnik Тоҷикистон
Алексей Оверчук ба афзоиши гардиши мол миёни Эрон ва ИИАО итминон дорад. Вай таъкид кард, ки табодули моли Эрон бо Русия низ дар оянда афзоиш хоҳад ёфт
2025-10-16T10:32+0500
2025-10-16T10:32+0500
2025-10-16T10:32+0500
ииао
иқтисод
эрон
русия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067806027_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_986ad2ef9c739240c7d6fa117c1d8ae3.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Тиҷорати Эрон бо давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш хоҳад кард.Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук, зимни боздидаш аз марзи Озарбойҷону Эрон, зербинои гузаргоҳҳои долони нақлиётии Шимолу Ҷануб, изҳор дошт. "Моҳи майи соли ҷорӣ тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эътибор пайдо кард. Ва мо мебинем, ки муомилоти тиҷорӣ миёни ИИАО ва Эрон дар муқоиса бо моҳи май 35% афзоиш ёфтааст", - гуфт Алексей Оверчук Гузашта аз ин, ӯ изҳори итминон кард, ки тиҷорат миёни Эрон ва Русия низ афзоиш хоҳад ёфт. "Мо мутмаин ҳастем, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрону Русия ва Эрон ва ИИАО идома хоҳад ёфт ва зерсохтҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд ба ин афзоиш мувофиқат кунанд", – гуфт муовини сарвазири Русия.Ёдовар мешавем, ки Эрон ва ИИАО созишномаи тиҷорати озодро дар охири соли 2023 имзо карданд.
https://sputnik.tj/20251015/vazir-iiao-markazi-kalidi-nizomi-naqliyoti-jahoni-1072086013.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067806027_52:0:2783:2048_1920x0_80_0_0_ef23565c976bbf0c726d224c4f1247ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афзоиши гардиши мол, эрон, ииао
русия, афзоиши гардиши мол, эрон, ииао
Русия ба афзоиши гардиши мол миёни Эрон ва ИИАО бовар дорад
Алексей Оверчук ба афзоиши гардиши мол миёни Эрон ва ИИАО итминон дорад. Вай таъкид кард, ки табодули моли Эрон бо Русия низ дар оянда афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Тиҷорати Эрон бо давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш хоҳад кард.
Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук, зимни боздидаш аз марзи Озарбойҷону Эрон, зербинои гузаргоҳҳои долони нақлиётии Шимолу Ҷануб, изҳор дошт.
"Моҳи майи соли ҷорӣ тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эътибор пайдо кард. Ва мо мебинем, ки муомилоти тиҷорӣ миёни ИИАО ва Эрон дар муқоиса бо моҳи май 35% афзоиш ёфтааст", - гуфт Алексей Оверчук
Гузашта аз ин, ӯ изҳори итминон кард, ки тиҷорат миёни Эрон ва Русия низ афзоиш хоҳад ёфт.
"Мо мутмаин ҳастем, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрону Русия ва Эрон ва ИИАО идома хоҳад ёфт ва зерсохтҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд ба ин афзоиш мувофиқат кунанд", – гуфт муовини сарвазири Русия.
Ёдовар мешавем, ки Эрон ва ИИАО созишномаи тиҷорати озодро дар охири соли 2023 имзо карданд.