https://sputnik.tj/20251016/dushanbe-invest-2025-sozishnomaho-imzo-1072122763.html
Дар "Душанбе Инвест - 2025" ба маблағи 3,1 млрд доллар созишномаҳо имзо шуд
Дар "Душанбе Инвест - 2025" ба маблағи 3,1 млрд доллар созишномаҳо имзо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Аксари созишномаҳое, ки дар ин чорабинӣ ба имзо расидаанд, дар бахшҳои энергетика, саноат ва коммуникатсия буданд
2025-10-16T09:31+0500
2025-10-16T09:31+0500
2025-10-16T09:31+0500
душанбе
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамоиш
форум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0e/1072075978_30:165:1926:1231_1920x0_80_0_0_820aedadb775c82825064291a0701110.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Маблағи умумии созишномаҳое, ки дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Душанбе Инвест - 2025" ба имзо расид, беш аз 3,1 млрд долларро ташкил дод. Ин маълумотро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. "Дар рӯзи аввали форуми байналмилалии сармоягузорӣ 26 созишномаи муҳим ба маблағи умумии тақрибан 3 миллиону 120 миллион доллар ба имзо расид", - омадааст дар баёния. Аксарияти созишномаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат ва коммуникатсия имзо шудаанд.Аз ҷумла, дар бахши энержӣ панҷ созишнома ба маблағи 2,4 млрд доллар, 9 созишнома ба маблағи 386 млн доллар дар саноат ва ба маблағи 333,5 млн доллар дар соҳаи коммуникатсия ба имзо расид. Ғайр аз ин, чаҳор созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи қариб 9 млн доллар ба имзо расид. Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии "Душанбе Инвест 2025" ҷараён дорад. Ин чорабинӣ ба як платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои сабз, рушди устувор ва табдили рақамӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
https://sputnik.tj/20251015/dushanbe-behtarin-osiyoi-miyona-sarmoyaguzorist-1072114994.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0e/1072075978_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_18b117a777c789d5706916a120b4c9b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"душанбе инвест - 2025", созишнома,
"душанбе инвест - 2025", созишнома,
Дар "Душанбе Инвест - 2025" ба маблағи 3,1 млрд доллар созишномаҳо имзо шуд
Аксари созишномаҳое, ки дар ин чорабинӣ ба имзо расидаанд, дар бахшҳои энергетика, саноат ва коммуникатсия буданд
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Маблағи умумии созишномаҳое, ки дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Душанбе Инвест - 2025" ба имзо расид, беш аз 3,1 млрд долларро ташкил дод.
Ин маълумотро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
"Дар рӯзи аввали форуми байналмилалии сармоягузорӣ 26 созишномаи муҳим ба маблағи умумии тақрибан 3 миллиону 120 миллион доллар ба имзо расид", - омадааст дар баёния.
Аксарияти созишномаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат ва коммуникатсия имзо шудаанд.
Аз ҷумла, дар бахши энержӣ панҷ созишнома ба маблағи 2,4 млрд доллар, 9 созишнома ба маблағи 386 млн доллар дар саноат ва ба маблағи 333,5 млн доллар дар соҳаи коммуникатсия ба имзо расид.
Ғайр аз ин, чаҳор созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи қариб 9 млн доллар ба имзо расид.
Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии "Душанбе Инвест 2025" ҷараён дорад.
Ин чорабинӣ ба як платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои сабз, рушди устувор ва табдили рақамӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.