https://sputnik.tj/20251015/arabiston-saudi-sokhtmon-roghun-sarmoyaguzori-1072109568.html
Арабистони Саудӣ дар сохтмони "Роғун" сармоягузорӣ мекунад
Арабистони Саудӣ дар сохтмони "Роғун" сармоягузорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ то ҳол тавассути Фонди саудии рушд дар беш аз 14 лоиҳа бо арзиши зиёда аз 300 млн доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст, гуфт Холид Ал-Фолеҳ Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо нерӯгоҳи "Роғун" мебошад, афзуд ӯ.
2025-10-15T13:16+0500
2025-10-15T13:16+0500
2025-10-15T14:24+0500
нбо "роғун"
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
маблағгузорӣ
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_74f09fc4a488df6dac44f28da75db51c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Арабистони Саудӣ дар сохтмони "Роғун" сармоягузорӣ мекунад.Дар ин бора, вазири сармоягузории подшоҳӣ Холид Ал-Фолеҳ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт.Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо нерӯгоҳи "Роғун" мебошад, афзуд ӯ.Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ ҷонибҳо, раванди рушди ҳамкории ду кишварро баррасӣ шуд.Тоҷикистон ҷалби сармояи саудиро барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурдааст. Ҳамчунин миёни ду кишвар дар хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе парвозҳо роҳандозӣ шуд.Нерӯгоҳи барқи обии РоғунСохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар рӯдхонаи Вахш соли 1987 оғоз шуда, солҳои 90-ум ба иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боздошта шуд.Аз оғози солҳои 2000-ум барқарор кардани кор борҳо баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби талаби сармоягузории зиёд, борҳо мавқуф гузошта шуд.Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2016 расман аз сар гирифта шуд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.Ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ тақрибан $6,3 млрд арзиш дорад. Мувофики лоиха, баландии сарбанд 335 метр - баландтарин сарбанди сангфарш дар ҷаҳон хоҳад буд.Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, баъди ба кор даромадани шаш агрегати он 3,6 ГВт хоҳад буд ва он бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.Мақомот тасмим доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як нерӯгоҳи барқи обии бисёрмақсад, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва коҳиши хушксолӣ истифода баранд.Тоҷикистон аз соли 2008 то имрӯз барои сохтмони НБО “Роғун” 48 млрд сомонӣ сарф кардаастИнтизор меравад, ки бо истифода аз нерӯгоҳи барқи обӣ камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон рафъ ва маҳдудияти нерӯи барқ аз байн бурда мешавад ва ҳамчунин зарфияти содироти нерӯи барқи Тоҷикистонро афзоиш меёбад.Ҳоло ду агрегати нерӯгоҳ кор мекунад; якум 9 сентябри соли 2018 ба кор андохта шуда, дуюмаш соли 2019 ба фаъолият даромад.Мувофиқи маълумоти Вазорати энержии Тоҷикистон ин агрегатҳо дар соли 2024 зиёда аз 1,2 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.
https://sputnik.tj/20251003/qazoqiston-sozishnoma-roghun-imzo-1071702835.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_e55431f17e6284e2d7b22af692480a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, роғун, анҷом
Арабистони Саудӣ дар сохтмони "Роғун" сармоягузорӣ мекунад
13:16 15.10.2025 (Навсозишуда: 14:24 15.10.2025) То ҳол тавассути Фонди саудии рушд беш аз 14 лоиҳа дар Тоҷикистон cармоягузорӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Арабистони Саудӣ дар сохтмони "Роғун" сармоягузорӣ мекунад.
Дар ин бора, вазири сармоягузории подшоҳӣ Холид Ал-Фолеҳ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт.
"Арабистони Саудӣ то ҳол тавассути Фонди саудии рушд дар беш аз 14 лоиҳа бо арзиши зиёда аз 300 млн доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст", - гуфт Холид Ал-Фолеҳ.
Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо нерӯгоҳи "Роғун" мебошад, афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо, раванди рушди ҳамкории ду кишварро баррасӣ шуд.
Тоҷикистон ҷалби сармояи саудиро барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурдааст. Ҳамчунин миёни ду кишвар дар хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе парвозҳо роҳандозӣ шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар рӯдхонаи Вахш соли 1987 оғоз шуда, солҳои 90-ум ба иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боздошта шуд.
Аз оғози солҳои 2000-ум барқарор кардани кор борҳо баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби талаби сармоягузории зиёд, борҳо мавқуф гузошта шуд.
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2016 расман аз сар гирифта шуд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.
Ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ тақрибан $6,3 млрд арзиш дорад. Мувофики лоиха, баландии сарбанд 335 метр - баландтарин сарбанди сангфарш дар ҷаҳон хоҳад буд.
Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, баъди ба кор даромадани шаш агрегати он 3,6 ГВт хоҳад буд ва он бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Мақомот тасмим доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як нерӯгоҳи барқи обии бисёрмақсад, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва коҳиши хушксолӣ истифода баранд.
Интизор меравад, ки бо истифода аз нерӯгоҳи барқи обӣ камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон рафъ ва маҳдудияти нерӯи барқ аз байн бурда мешавад ва ҳамчунин зарфияти содироти нерӯи барқи Тоҷикистонро афзоиш меёбад.
Ҳоло ду агрегати нерӯгоҳ кор мекунад; якум 9 сентябри соли 2018 ба кор андохта шуда, дуюмаш соли 2019 ба фаъолият даромад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати энержии Тоҷикистон ин агрегатҳо дар соли 2024 зиёда аз 1,2 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.