Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Русия ба иродаи Трамп барои ҳалли буҳрони Украина умедвор аст

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков принимает участие в российско-таджикских переговорах в Дворце Нации в Душанбе
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков принимает участие в российско-таджикских переговорах в Дворце Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2025
Обуна шудан
Русия ба иродаи сиёсии Трамп барои ҳалли вазъ дар Украина умедвор аст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Русия умедвор аст, ки президенти ИМА Доналд Трамп иродаи сиёсиро барои ҳалли мусолиматомези вазъ дар Украина нигоҳ медорад.
Дар ин бора, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт.
"Умедворӣ мекунем, ки президент Трамп иродаи сиёсиро барои ҳалли мусолиматомез (вазъ дар Украина - шарҳ аз идора) нигоҳ медорад", - гуфт Песков ба хабарнигори "Россия 1" Павел Зарубин.
Дар навбати худ, Трамп изҳор дошт, ки фишорро барои ҳалли муноқишаи Украина афзоиш медиҳад.
Аммо, мушаххас нагуфт, ки кадом тадбирҳои мушаххасро дар назар дорад.
"Мо фишорро якҷоя афзоиш медиҳем. НАТО кори бузургеро анҷом медиҳад ва онҳо низ фишорро афзоиш медиҳанд", - гуфт Трамп дар мулоқот бо раисиҷумҳури Финландия Александр Стубб.
Ин дар ҳолест, ки пештар Песков гуфт, Киев дар ҳоли ҳозир ба раванди сулҳ майл надорад.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков на стенде РИА Новости.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, Украина ба сулҳ майл надорад
Онҳо фикр мекунанд, ки чизе дар хатти ҷабҳа тағйир хоҳад ёфт, аммо воқеият баръаксро нишон медиҳад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
"Ба таври возеҳ аз аврупоиҳо илҳом гирифта, онҳо ҳоло ба ҳеҷ гуна раванди сулҳ майл надоранд. Онҳо фикр мекунанд, ки дар хатти ҷабҳа чизе тағир хоҳад ёфт ва ба як динамикаи мусбат мегузаранд. Воқеият баръаксро нишон медиҳад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0