https://sputnik.tj/20251009/putin-rahmon-rusiya-tojikiston-aks-1071892898.html
Бо қолини сурх: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Гузориши аксӣ
Бо қолини сурх: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Гузориши аксӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Чӣ гуна президенти Русияро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт дар гузориши аксии мо бубинед
2025-10-09T12:38+0500
2025-10-09T12:38+0500
2025-10-10T12:03+0500
акс
душанбе
владимир путин
рустами эмомалӣ
сафари владимир путин ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/08/1071869185_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_ad1be523a4450c8d903e66f64c92e7d0.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/08/1071869185_73:0:1208:851_1920x0_80_0_0_d4e684e8a1b2319e146177962274564d.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шом, кишвардорони русия, тоҷикистон
шом, кишвардорони русия, тоҷикистон
Бо қолини сурх: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Гузориши аксӣ 12:38 09.10.2025 (Навсозишуда: 12:03 10.10.2025 )
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар гузориши аксии мо бубинед, ки чӣ гуна президенти Русияро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифт.
© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонк Ба хотири ташрифи давлатии меҳмон майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.
Ба хотири ташрифи давлатии меҳмон майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонк Қабл аз ин, сарвари Русия баробари ворид шудан ба Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон маҳсуб мешавад, гул гузошт.
Қабл аз ин, сарвари Русия баробари ворид шудан ба Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон маҳсуб мешавад, гул гузошт.
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонк Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатӣ, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.
Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатӣ, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонк Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ботаникӣ зиёфати ғайрирасмӣ баргузор карданд.
Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ботаникӣ зиёфати ғайрирасмӣ баргузор карданд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Кишвардори Русия ба ҳамтои тоҷики худ як нашрияи нодиреро дар бораи тоҷикон ҳадя кард. Путин қайд кард, ки ин китоб ҳамагӣ 25 нусха нашр шудааст ва ӯ "нусхаи рақами як"-ро ба Душанбе овардааст.
Кишвардори Русия ба ҳамтои тоҷики худ як нашрияи нодиреро дар бораи тоҷикон ҳадя кард. Путин қайд кард, ки ин китоб ҳамагӣ 25 нусха нашр шудааст ва ӯ "нусхаи рақами як"-ро ба Душанбе овардааст.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Раҳмон тӯҳфаро "беҳтарин" унвон кард. Гузашта аз ин, президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ расми “Дӯстони тоҷик”-и рассоми импрессионисти шӯравӣ Макс Бирштейнро ҳадя кард.
Раҳмон тӯҳфаро "беҳтарин" унвон кард. Гузашта аз ин, президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ расми “Дӯстони тоҷик”-и рассоми импрессионисти шӯравӣ Макс Бирштейнро ҳадя кард.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Зимни сайру гашт Путинро дарахте дар боғи ботаникии Душанбе ба худ ҷалб кард. Мутахассиси маҳаллӣ ба раисиҷумҳури Русия гуфт: "Ин як дарахти тропикӣ аст, ки дар Африқо ва Осиёи Марказӣ мерӯяд".
Зимни сайру гашт Путинро дарахте дар боғи ботаникии Душанбе ба худ ҷалб кард. Мутахассиси маҳаллӣ ба раисиҷумҳури Русия гуфт: "Ин як дарахти тропикӣ аст, ки дар Африқо ва Осиёи Марказӣ мерӯяд".
Маросими истиқболи расмии президенти Русия дар майдони назди Қасри Миллат баргузор шуд.
Президентҳо бо ҳайати ҷонибҳо дастфишорӣ карданд.
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонк Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқоти Русияву Тоҷикистон дар Қасри Миллат дар Душанбе ширкат мекунад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқоти Русияву Тоҷикистон дар Қасри Миллат дар Душанбе ширкат мекунад.
Президенти Русия Владимир Путин дар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия.
© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонк Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими табодули асноди имзошуда дар Қасри Миллат.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими табодули асноди имзошуда дар Қасри Миллат.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор гардид, ки дар ҷараёни он 15 санади нави байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор гардид, ки дар ҷараёни он 15 санади нави байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид.
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонк Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев зимни мулоқот дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев зимни мулоқот дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе.
© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонк Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар маросими аксгирии сарони давлатҳои ширкаткунанда дар нишасти дуввуми Русия ва Осиёи Марказӣ дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар маросими аксгирии сарони давлатҳои ширкаткунанда дар нишасти дуввуми Русия ва Осиёи Марказӣ дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе.