Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Белоусов иншооти низомии Русияро дар Тоҷикистон месанҷад

© Sputnik / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ А. Белоусов
Министр обороны РФ А. Белоусов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2025
Обуна шудан
Вазири дифои Русия бо раҳбарияти низомиву сиёсии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Вазири дифои Русия Андрей Белоусов вориди Душанбе шуд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар дод.
"Андрей Белоусов аз иншооти зерсохтори низомии вазорати дифои Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд, боздид хоҳад кард. Музокирот бо раҳбарияти низомию сиёсии ин кишвар низ дар назар аст", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар фурудгоҳи Душанбе Белоусовро вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ва сардори Ситоди генералӣ Бобоҷон Саидзода истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад хабаргузории ТАСС.
Тибқи иттилои расмӣ, Пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳр: Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Риёзиёти муносибатҳои Русияву Тоҷикистон
Қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хабар дода буд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзҳои 8-9 октябр бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Ушаков шарҳ дод, ки Путинро як ҳайати намояндагӣ ҳамроҳӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0