https://sputnik.tj/20251006/sughd-jamovarii-pakhta-nafar-jalb-kardaast-1071781283.html
Суғд барои ҷамъоварии пахта 62 ҳазор нафарро ҷалб кардааст
Суғд барои ҷамъоварии пахта 62 ҳазор нафарро ҷалб кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки имсол деҳқонони вилоят тасмим доранд, ки то охири мавсим зиёда аз 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд
2025-10-06T11:59+0500
2025-10-06T11:59+0500
2025-10-06T12:05+0500
дар тоҷикистон
пахта
ҷамъоварӣ
пахтачинӣ
кишоварзӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/06/1071784987_55:0:1280:689_1920x0_80_0_0_daa570d05075fd2880ac0457c2f5bbfb.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҷамъоварии пахта дар навоҳии кишоварзии вилояти Суғд рӯз ба рӯз вусъати тоза мегирад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Суғд.Миёни навоҳии пахтакори вилояти Суғд дар мавсими имсола кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар сафи пеш қарор гирифта, иҷрои нақшаро ба зиёда аз 50% расонданд.Хирмани оростаи онҳо 14 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи мавсими гузашта 10 ҳазор тонна зиёд аст.Қайд карда шудааст, ки ба хотири сари вақт ва беталаф ғунучин шудани ҳосили фаровон дар баробари саҳмдорон, ки зиёда аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, боз ҳамарӯза то 30 ҳазор нафар ҳашарчӣ аз ҳисоби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон ба ёрии пахтакорон сафарбар мешавад.Амриддин Қосимзода, сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд, иброз доштааст, ки барои боз ҳам суръатбахшии ғунучини пахта дар ноҳияи Зафаробод ба ёрии кишоварзон мошинҳои пахтачинӣ расида, дар баракати хирмани оростаи вилоят саҳми муносиб мегузоранд.Қайд карда шудааст, ки ба хотири сари вақт ва беталаф ғунучин шудани ҳосили фаровон дар баробари саҳмдорон, ки зиёда аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, боз ҳамарӯза то 30 ҳазор нафар ҳашарчӣ аз ҳисоби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон ба ёрии пахтакорон сафарбар мешавад.Ҳоло суръати ҷамъоварии ҳосил дар навоҳии Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров низ меафзояд.Имсол деҳқонони вилояти Суғд тасмим доранд, ки то охири мавсим зиёда аз 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/45151
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/06/1071784987_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_2559e5efaf16afcabe5ae6685824e082.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, пахта, пахтачинӣ, ҷамъоварӣ, кишоварзӣ
суғд, пахта, пахтачинӣ, ҷамъоварӣ, кишоварзӣ
Суғд барои ҷамъоварии пахта 62 ҳазор нафарро ҷалб кардааст
11:59 06.10.2025 (Навсозишуда: 12:05 06.10.2025) Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки имсол деҳқонони вилоят тасмим доранд, ки то охири мавсим зиёда аз 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҷамъоварии пахта дар навоҳии кишоварзии вилояти Суғд рӯз ба рӯз вусъати тоза мегирад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Суғд.
“Ҳоло дар пахтазори вилоят наздик ба 62 ҳазор нафар чинакчӣ ҷалб гашта, ҳамарӯза то 2 ҳазору 400 тонна ҳосил ғунучин мекунанд. Хирмани оростаи деҳқонони суғдӣ то 30-юми сентябр ба 54 127 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,5 ҳазор тонна зиёд аст”, - қайд кард ӯ.
Миёни навоҳии пахтакори вилояти Суғд дар мавсими имсола кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар сафи пеш қарор гирифта, иҷрои нақшаро ба зиёда аз 50% расонданд.
Хирмани оростаи онҳо 14 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи мавсими гузашта 10 ҳазор тонна зиёд аст.
Қайд карда шудааст, ки ба хотири сари вақт ва беталаф ғунучин шудани ҳосили фаровон дар баробари саҳмдорон, ки зиёда аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, боз ҳамарӯза то 30 ҳазор нафар ҳашарчӣ аз ҳисоби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон ба ёрии пахтакорон сафарбар мешавад.
Амриддин Қосимзода, сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд, иброз доштааст, ки барои боз ҳам суръатбахшии ғунучини пахта дар ноҳияи Зафаробод ба ёрии кишоварзон мошинҳои пахтачинӣ расида, дар баракати хирмани оростаи вилоят саҳми муносиб мегузоранд.
“Рӯзҳои наздик бошад, чунин мошинҳои пахтачинӣ ба ёрии деҳқонони ноҳияи Ашт меоянд”, - гуфт мақомдор.
Қайд карда шудааст, ки ба хотири сари вақт ва беталаф ғунучин шудани ҳосили фаровон дар баробари саҳмдорон, ки зиёда аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, боз ҳамарӯза то 30 ҳазор нафар ҳашарчӣ аз ҳисоби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон ба ёрии пахтакорон сафарбар мешавад.
Ҳоло суръати ҷамъоварии ҳосил дар навоҳии Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров низ меафзояд.
Имсол деҳқонони вилояти Суғд тасмим доранд, ки то охири мавсим зиёда аз 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.