Муштзани тоҷик аввалин медали тиллоро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ-2025 овард

© Foto / Федерация бокса ТаджикистанаБехруз Умаров принёс Таджикистану первое золото на Играх СНГ-2025
Бехруз Умаров принёс Таджикистану первое золото на Играх СНГ-2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2025
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар финали бокс бар рақиби худ аз Узбекистон пирӯз шуд ва аввалин медали тиллоро барои тими Тоҷикистон ба даст овард
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ягона медали тилоро дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ Беҳрӯз Умаров 5-уми октябр дар риштаи бокс ба даст овард.
Вай дар сабқати ниҳоӣ ё финал бар Азизбек Шокирҷонов аз Узбекистон пирӯз шуд.
Ёёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ 142 варзишгар дохил шудаанд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.
Бояд айд кард, ки варзишгарони тоҷик то имрӯз дар Бозиҳои ИДМ, ки дар Озарбойҷон мегузарад бо гирифтани 18 медал аз ҷумла 1 тило, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ даст ёфтаанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, то ҳоло дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 194 медал дар ҷойи аввал аст.
Ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ба Бозиҳои ИДМ-2025 вориди Озарбойҷон шуд, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ба Бозиҳои ИДМ-2025 вориди Озарбойҷон шуд, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Озарбойҷон бо касби 161 медал дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 101 медал дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон бо касби 18 медал (1 тило, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0