https://sputnik.tj/20251004/sarvazir-boshqirdiston-tojikiston-1071745613.html
Сарвазири Бошқирдистон ба Тоҷикистон омад: ҳадафи сафар
Сарвазири Бошқирдистон ба Тоҷикистон омад: ҳадафи сафар
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи ин сафари сарвазири Бошқирдистон таҳкими равобити дуҷониба, баррасии самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар бахшҳои мухталиф будааст
2025-10-04T14:05+0500
2025-10-04T14:05+0500
2025-10-04T14:05+0500
дар тоҷикистон
бошқирдистон
сарвазир
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/04/1071745441_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_9b2879e1ff2006ad055c8d7c64df4710.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Сарвазири Бошқирдистон Андрей Назаров ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир сараввал аз парки саноатӣ дар Душанбе дидан кардааст.Дар ҷараёни ин сафар мулоқот бо намояндагони раҳбарияти Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратӣ ва шарикони тиҷорат сурат мегирад.Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи фаъолият миёни ду минтақаро баррасӣ кардаанд.Оқои Назаров теъкид кардааст, ки Бошқирдистон дар корхонаи Коргоҳи мошинсози шаҳри Душанбе як парки саноатӣ таъсис медиҳад.“Тоҷикистон Бошқирдистонро барои иҷрои ин тарҳ даъват кардааст. Имрӯз ман бо Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон мавзеи парки ояндаро дидам. Масоҳати калон - қариб 10 гектар аст. Соҳибон ният доранд, ки се бинои саноатиро бо масоҳати 23 ҳазор метри мураббаъ бозсозӣ кунанд”, - гуфт ӯ.Нахуствазир гуфт сохтмони парки азими саноатӣ самтҳои хамкориро васеъ карда, ба Бошқирдистони барои ба бозори байналмилалӣ баромадани истехсолкунандагони ин ҷумҳурӣ имкониятхои иловагӣ медихад. Дар баробари ин, шаш ширкат аз Бошқирдистон ба лоиҳаи Парки саноатӣ дар Душанбе таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. "Ин чизест, ки мо таваҷҷуҳ дорем. Аллакай шаш ширкат аз Бошқирдистон ба ин лоиҳа таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд — онҳо дар ҳоли ҳозир дар Душанбе дар ҳайати намояндагӣ ҳузур доранд. Силсилаи вохӯриҳо ва конфронсҳои намояндагони Русия ва Тоҷикистон моро интизоранд, то қадамҳои минбаъдаро ҳамоҳанг созем. Мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем", - гуфт нахуствазири Бошқирдистон Андрей Назаров.
https://sputnik.tj/20250926/hudud-10-shirkat-rusi-park-tekhnologi-dushanbe-1071536104.html
бошқирдистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/04/1071745441_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_900fa14bc541568dd10efcd37fed0d15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарвазир, бошқирдистон, тоҷикистонро
сарвазир, бошқирдистон, тоҷикистонро
Сарвазири Бошқирдистон ба Тоҷикистон омад: ҳадафи сафар
Ҳадафи ин сафари сарвазири Бошқирдистон таҳкими равобити дуҷониба, баррасии самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар бахшҳои мухталиф будааст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Сарвазири Бошқирдистон Андрей Назаров ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир сараввал аз парки саноатӣ дар Душанбе дидан кардааст.
Дар ҷараёни ин сафар мулоқот бо намояндагони раҳбарияти Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратӣ ва шарикони тиҷорат сурат мегирад.
Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи фаъолият миёни ду минтақаро баррасӣ кардаанд.
"Мо дар Душанбе корҳои бузургеро оғоз мекунем, ки барои Русия, Тоҷикистон ва албатта Бошқирдистон аҳамияти стратегӣ дорад", - гуфт Андрей Назаров.
Оқои Назаров теъкид кардааст, ки Бошқирдистон дар корхонаи Коргоҳи мошинсози шаҳри Душанбе як парки саноатӣ таъсис медиҳад.
“Тоҷикистон Бошқирдистонро барои иҷрои ин тарҳ даъват кардааст. Имрӯз ман бо Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон мавзеи парки ояндаро дидам. Масоҳати калон - қариб 10 гектар аст. Соҳибон ният доранд, ки се бинои саноатиро бо масоҳати 23 ҳазор метри мураббаъ бозсозӣ кунанд”, - гуфт ӯ.
Нахуствазир гуфт сохтмони парки азими саноатӣ самтҳои хамкориро васеъ карда, ба Бошқирдистони барои ба бозори байналмилалӣ баромадани истехсолкунандагони ин ҷумҳурӣ имкониятхои иловагӣ медихад.
Дар баробари ин, шаш ширкат аз Бошқирдистон ба лоиҳаи Парки саноатӣ дар Душанбе таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.
"Ин чизест, ки мо таваҷҷуҳ дорем. Аллакай шаш ширкат аз Бошқирдистон ба ин лоиҳа таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд — онҳо дар ҳоли ҳозир дар Душанбе дар ҳайати намояндагӣ ҳузур доранд. Силсилаи вохӯриҳо ва конфронсҳои намояндагони Русия ва Тоҷикистон моро интизоранд, то қадамҳои минбаъдаро ҳамоҳанг созем. Мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем", - гуфт нахуствазири Бошқирдистон Андрей Назаров.