Омӯзгорону мураббиёни Душанбе бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаНовая школа в Душанбе
Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2025
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе ба муаллимон ва мураббиёни пойтахт барои тарбияи шогирдони сазовор мукофотпулӣ дод
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи омӯзгор 193 муаллиму мураббии шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мукофотпулӣ, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар арафаи Рӯзи омӯзгорон тақдим шудааст.
Ҳамин тавр, ба 193 нафар мураббиёну омӯзгорони пойтахт, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ба қадри 3000 сомонӣ мукоофт дода шуд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии мураббиён ва омӯзгорон, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа амалӣ гардидааст.
Ногуфта намонад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Имсол ин рӯз ба 5 октябр рост омад.
Школьники из Хатлона участвуют в международной олимпиаде Жар - птица. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2025
Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр маоши омӯзгорон 30% зиёд мешавад
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”, аз ҷониби маҷлиси ҳукумат маъқул дониста шуд.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи ин қонун, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар баҳри онҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0