Коршинос: МОИ имкон медиҳанд, ки аз Русия ба Тоҷикистон сармояи иловагӣ ҷалб шавад

© Foto / СЭЗ "Сугд"Производство в свободной экономической зоне "Сугд"
Производство в свободной экономической зоне Сугд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон фазои беҳтарини сармоягузорӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ, барои ҷалби маблағгузорӣ воситаҳои махсус эҷод кардан лозим аст, қайд кард, Станислав Притчин
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Минтақаҳои вижаи иқтисодӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сармояи изофии Русияро ҷалб кунад.
Дар ин бора мудири бахши Осиёи Марказии Институти миллии тадқиқотии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.
Вай гуфт, фазои сармоягузории Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ беҳтарин нест.
"Барои ҷалби сармоя бояд василаҳои вижа таъсис дода шаванд. Ва минтақаҳои иқтисодӣ, ки ҳамчун як тарҳ дар чорчӯби равобити Русияву Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд, бовар дорам <...> ба ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки аз Русия сармояи иловагӣ ҷалб кунад", - гуфт Притчин.
Ба гуфтаи ӯ, МОИ имкон медиҳад, ки бозор афзоиш ёбад ва ширкатҳое, ки қаблан Тоҷикистонро ба назар намегирифтанд, ҷалб карда шаванд.
"Бо ширкати Русия ин тарҳ барои сармоягузории соҳибкорони рус ҷолибтар ва боэътимодтар мешавад. Он ҳамчунин ба мо имкон медиҳад, ки равобити иқтисодии дуҷонибаи худро фаъол созем", - қайд кард коршинос.
Бо вуҷуди ин, ӯ таъкид кард, ки МОИ-ро наметавон давои щама дардщо ҳисоб кард, зеро онҳо ба таври куллӣ шароити фаъолиятро тағйир намедиҳанд.
Главный въезд в СЭЗ Сугд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Сармоягузорӣ ба МОИ "Суғд" якбора афзудааст
"Ин ҷоест, ки дар он баъзе равандҳои тиҷорат содда карда мешаванд ва имтиёзҳои андозӣ вуҷуд доранд, масалан, ин амволро барои сармоягузорон ҷолиб мекунад. <...> Ин чизе нест, ки иқтисодро ба куллӣ тағйир медиҳад, балки нуқтаҳои муайяни афзоишро ба вуҷуд меорад. Соҳибкорон ба он ҷо бо умеди гирифтани мукофотпулӣ меоянд", - хулоса кард Притчин.
Лентаи хабарҳо
0