Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Аз Корвон то Кушониёну Садбарг: Бозору марказҳои савдои Душанбе баста мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля в Душанбе. Архивное фото
Торговля в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Обуна шудан
Тасмими бастани аксари бозорҳо ва марказҳои савдо дар робита ба нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Аксари бозорҳо ва марказҳои савдои Душанбе муваққатан баста мешаванд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки басташавӣ се рӯз, аз 8 то 10 октябр идома хоҳад кард.
Ин тасмим дар робита ба нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Кадом бозору марказҳои савдо дар Душанбе баста мешаванд?
Кадом бозору марказҳои савдо дар Душанбе баста мешаванд? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Кадом бозору марказҳои савдо дар Душанбе баста мешаванд?
Ҳамин тавр, давоми се рӯз ворид шудан ба бозорҳои "Корвон", "Корвон-плюс", "Ховарон", "Автобаза 2729", "Кӯшониён", "Фаровон" ва "Балх", инчунин, марказҳои савдои "Панҷшер", "Ганҷина", "Садбарг", "Файёз-2015", "Кавсар" ва "Варзоб" ғайриимкон мешавад.
Президент РФ Владимир Путин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Занги Путин ба Раҳмон: Аз баррасии мулоқот бо Трамп то сафараш ба Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти меҳмонон ва ҷилавгирӣ аз ҷамъшавии мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0