https://sputnik.tj/20251002/tojikiston-sughurta-elektroni-1071698358.html
Дар Тоҷикистон низоми суғуртаи электронӣ ҷорӣ мешавад
Дар Тоҷикистон низоми суғуртаи электронӣ ҷорӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Шуруъ аз 22 октябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" ба фаъолият оғоз менамояд.
2025-10-02T17:27+0500
2025-10-02T17:27+0500
2025-10-02T17:27+0500
бмт
дар тоҷикистон
суғурта
мошинҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/15/1029461526_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0baa100941b8192fb2a7054d03fc60ff.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон оғоз аз 22 октябр, низоми суғуртаи электронӣ ҷорӣ мешаад.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон гузориш медиҳад.Санҷиши мавҷудияти полиси суғурта дар портали суғуртавии БМТ аз рӯйи рақами давлатии бақайдгирии воситаи нақлиёт имконпазир аст.Манбаъ таъкид карда, ки бо назардошти ҷузъиёти техникӣ қисме аз бимаҳои амалкунандаи суғурта дар баъзе мавридҳо дар низом инъикос намеёбанд.Барои ҳалли ин масъала Telegram-канали расмӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳолати муваққатан мавҷуд набудани маълумот соҳибони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути аксгирӣ полиси суғуртавияшонро ба мессенҷери Telegram ба рақами +992 177 99 39 39 ирсол намоянд. Гуфта мешавад, ки то пурра ворид гардидани ҳама полисҳои амалкунанда ба "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" нисбат ба соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон ҷарима татбиқ намегардад.Ҳангоми пайдо гардидани саволҳо ва мушкилот шаҳрвандон метавонанд ба маркази тамоси "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ"-и БМТ бо рақамҳои кӯтоҳи 3939 ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00 муроҷиат намоянд.Бонки миллии Тоҷикистон соҳибон ва ронандагони воситаҳои нақлиётро даъват менамояд, ки полисҳои худро санҷида, дар ҳолати зарурӣ маълумотро барои воридкунии саривақтии онҳо ирсол намоянд.Ҳадафи асосии фаъолияти "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" рақамикунонӣ ва ҳамгироии равандҳо дар низоми суғурта буда, ба шаффофият, батанзимдарорӣ, назорати сифатнок ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд, гуфтааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20250731/rahmon-majlis-hukumat-1069623829.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/15/1029461526_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3cd1a51e064adb189e64ec006b801fb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низоми суғуртаи электронӣ,
тоҷикистон, низоми суғуртаи электронӣ,
Дар Тоҷикистон низоми суғуртаи электронӣ ҷорӣ мешавад
Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт имкон пайдо мекунанд то ба таври электронӣ мошинҳои худро суғурта кунанд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон оғоз аз 22 октябр, низоми суғуртаи электронӣ ҷорӣ мешаад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Санҷиши мавҷудияти полиси суғурта дар
портали суғуртавии БМТ аз рӯйи рақами давлатии бақайдгирии воситаи нақлиёт имконпазир аст.
Манбаъ таъкид карда, ки бо назардошти ҷузъиёти техникӣ қисме аз бимаҳои амалкунандаи суғурта дар баъзе мавридҳо дар низом инъикос намеёбанд.
Барои ҳалли ин масъала Telegram-канали расмӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳолати муваққатан мавҷуд набудани маълумот соҳибони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути аксгирӣ полиси суғуртавияшонро ба мессенҷери Telegram ба рақами +992 177 99 39 39 ирсол намоянд.
"Маълумоти фиристода ҳамарӯза ба ташкилоти суғуртавӣ ирсол карда шуда, дар муддати 10 рӯз ба Низоми ягона ворид мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки то пурра ворид гардидани ҳама полисҳои амалкунанда ба "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" нисбат ба соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон ҷарима татбиқ намегардад.
Ҳангоми пайдо гардидани саволҳо ва мушкилот шаҳрвандон метавонанд ба маркази тамоси "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ"-и БМТ бо рақамҳои кӯтоҳи 3939 ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00 муроҷиат намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон соҳибон ва ронандагони воситаҳои нақлиётро даъват менамояд, ки полисҳои худро санҷида, дар ҳолати зарурӣ маълумотро барои воридкунии саривақтии онҳо ирсол намоянд.
Ҳадафи асосии фаъолияти "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" рақамикунонӣ ва ҳамгироии равандҳо дар низоми суғурта буда, ба шаффофият, батанзимдарорӣ, назорати сифатнок ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд, гуфтааст манбаъ.