Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Сафири Русия ҷузъиёти сафари Путин ба Тоҷикистонро ошкор кард

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. Архивное фото
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2025
Обуна шудан
Дар доираи сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон як силсила дидору мулоқотҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба анҷом дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон ба зудӣ доираи васеи масоили ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Тавре сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев хабар дод, баррасии ин масоил дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дипломат инчунин ҳайати васеи Русияро номбар кард.

"Дар ин сафар Путинро як ҳайати воломақом ҳамроҳӣ мекунад: дар ин сафар вазирони зиёд аз бахшҳои қудратӣ, иқтисод ва башардӯстона ҳамроҳӣ мекунанд", - гуфт ӯ.

Сафир илова кард, ки тарафҳо ният доранд, доираи васеи масоилро баррасӣ кунанд.
Встреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: Роҳбарони ду давлат чиро баррасӣ карданд?
Дар дидору мулоқотҳо масоили иктисодӣ, вазъияти байналмилалӣ, ҳамкории гуманитарӣ, вазъияти минтака баррасӣ хоҳанд шуд.
"Мо аз гуфтушунидҳои дарпешистода натиҷаҳои назаррас ва ҷолибро интизорем", - иброз дошт сафир.
Владимир Путин рӯзи 9 октябр бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон раҳбари Русия дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити "Русия-Осиёи Марказӣ" ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0