https://sputnik.tj/20251001/maqomot-tojikiston-chand-fard-zindagi-1071644676.html
Мақомот гуфт, дар Тоҷикистон чанд фарди аз 100-сола боло зиндагӣ мекунад
Мақомот гуфт, дар Тоҷикистон чанд фарди аз 100-сола боло зиндагӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои ахири Агентии омори Тоҷикистон, дарозумрии миёнаи аҳолии кишвар ба 76,6 сол расидааст
2025-10-01T11:59+0500
2025-10-01T11:59+0500
2025-10-01T11:59+0500
омор
дар тоҷикистон
дарозумр
ҷомеа
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040116602_0:83:1280:804_1920x0_80_0_0_0bf64e42ef61ed583eaaf5fb480a1377.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон 306 нафар шаҳрванди аз 100-сола боло умр ба сар мебаранд.Тибқи омори расмӣ аз ин шумор 169 нафараш мард ва 137 нафари дигар зан мебошанд.Ҳамчунин Агентии омори Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ ба 76,6 сол расидааст.“Дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст, ки инро масъулин ба беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва хидматрасонии тиббӣ барои куҳансолон рабт медиҳанд”, - таъкид намудаанд мутахассисони Агентии омори Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ахири Агентӣ шумораи аҳолии кишвар ба ҳолати 1 июли соли 2025 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.Ба иттилои манбаъ, давоми шаш моҳи аввали моҳи соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2,1% афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон ба иттлои ҳамин мабаъ, дар нимсолаи якуми соли 2025 нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 2,1% зиёд шудааст.
https://sputnik.tj/20250910/afzoish-tabii-aholi-tojikiston-1071038051.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040116602_91:0:1228:853_1920x0_80_0_0_9b25869ae28b76726fe1537cae7092cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фард, 100-сола, зиндагӣ, дарозумрӣ, омор, агентии омор
тоҷикистон, фард, 100-сола, зиндагӣ, дарозумрӣ, омор, агентии омор
Мақомот гуфт, дар Тоҷикистон чанд фарди аз 100-сола боло зиндагӣ мекунад
Ба иттилои ахири Агентии омори Тоҷикистон, дарозумрии миёнаи аҳолии кишвар ба 76,6 сол расидааст
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон 306 нафар шаҳрванди аз 100-сола боло умр ба сар мебаранд.
Тибқи омори расмӣ аз ин шумор 169 нафараш мард ва 137 нафари дигар зан мебошанд.
Ҳамчунин Агентии омори Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ ба 76,6 сол расидааст.
“Дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст, ки инро масъулин ба беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва хидматрасонии тиббӣ барои куҳансолон рабт медиҳанд”, - таъкид намудаанд мутахассисони Агентии омори Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ахири Агентӣ шумораи аҳолии кишвар ба ҳолати 1 июли соли 2025 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, давоми шаш моҳи аввали моҳи соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2,1% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон ба иттлои ҳамин мабаъ, дар нимсолаи якуми соли 2025 нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 2,1% зиёд шудааст.