https://sputnik.tj/20250928/tojikiston-rusiya-idorakuni-moliya-raqami-1071563984.html
Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи идоракунии рақамии молия ҳамкорӣ мекунанд
Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи идоракунии рақамии молия ҳамкорӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Русия қасд доранд дар соҳаи идоракунии рақамии молия ҳамкорӣ кунанд.
2025-09-28T10:28+0500
2025-09-28T10:28+0500
2025-09-28T10:28+0500
дар тоҷикистон
русия
иқтисод
молия
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0e/1069998582_0:52:3456:1996_1920x0_80_0_0_4ca357c8efeaabd5e1323ddbe4c4c328.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия қасд доранд дар соҳаи идоракунии рақамии молия ҳамкорӣ кунанд.Ин масъаларо вазирони молияи Тоҷикистону Русия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Антон Силуанов баррасӣ кардаанд.Сиёсатмадорон ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи идоракунии молияи рақамӣ, назорати қарзи давлатӣ ва дигар бахшҳо густариш диҳанд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати молияи Тоҷикистон, дидори вазирон дар чорчӯби ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Маскав сурат гирифтааст. Қаҳҳорзода ва Силуанов густариши ҳамкориҳои муштаракро баррасӣ намуда, омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ ва табодули таҷриба дар барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки "сабз" изҳор намудаанд. Онҳо инчунин имкони дастгирии таҳияи лоиҳаҳоро бо ҷалби институтҳои рушд ва таҳияи механизмҳои нави маблағгузорӣ омӯхтанд. Ҳамчунин, дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишвар баррасӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Маскав ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энержӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра баррасӣ карданд. Иштироккунандагони мачлис изхор намуданд, ки тайёранд, имконияту захирахои мавчударо васеъ ва самаранок истифода баранд.
https://sputnik.tj/20250927/afzoish-hajm-savdo-rusiya-tojikiston-1071556130.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0e/1069998582_363:0:3094:2048_1920x0_80_0_0_416e5fa6f1ec99b076f52b321e13fec3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ
Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи идоракунии рақамии молия ҳамкорӣ мекунанд
Сиёсатмадорони ду кишвар ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи идоракунии молияи рақамӣ, назорати қарзи давлатӣ ва дигар бахшҳо густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия қасд доранд дар соҳаи идоракунии рақамии молия ҳамкорӣ кунанд.
Ин масъаларо вазирони молияи Тоҷикистону Русия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Антон Силуанов баррасӣ кардаанд.
Сиёсатмадорон ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи идоракунии молияи рақамӣ, назорати қарзи давлатӣ ва дигар бахшҳо густариш диҳанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати молияи Тоҷикистон, дидори вазирон дар чорчӯби ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Маскав сурат гирифтааст.
Қаҳҳорзода ва Силуанов густариши ҳамкориҳои муштаракро баррасӣ намуда, омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ ва табодули таҷриба дар барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки "сабз" изҳор намудаанд.
Онҳо инчунин имкони дастгирии таҳияи лоиҳаҳоро бо ҷалби институтҳои рушд ва таҳияи механизмҳои нави маблағгузорӣ омӯхтанд.
Ҳамчунин, дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишвар баррасӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Маскав ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энержӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра баррасӣ карданд.
Иштироккунандагони мачлис изхор намуданд, ки тайёранд, имконияту захирахои мавчударо васеъ ва самаранок истифода баранд.