Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусофиркашонӣ 10% афзуд

© Sputnik / Амир ИсаевДвижение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе. Архивное фото
Движение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2025
Обуна шудан
Мусофирон дар Тоҷикистон асосан аз нақлиёти автомобилӣ истифода мебаранд, ки 99,9%-и ҳаҷми умумии мусофиркашониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусофиркашонӣ афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии омори ҷумҳурӣ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ҳашт моҳи соли 2025 беш аз 695,3 млн нафар тавассути тамоми намуди нақлиёти мусофирбар интиқол дода шудааст.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,2% зиёд аст.
Ин дар ҳолест, ки мусофирон дар Тоҷикистон умдатан сафар бо худравҳоро авлотар медонанд, ки 99,9%-и ҳаҷми умумии ҳамлу нақлро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ аз аввали сол то кунун 679,7 млн нафар мусофирон аз ин намуди нақлиёт истифода кардаанд.
Грузовики на трассе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2025
Дар Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли бор афзоиш ёфтааст
Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2024 10,4% афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0