Кормандони амнияти Ваҳдат соҳиби хона шуданд: президент онҳоро ба чӣ вазифадор кард?

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон ввел в эксплуатацию здание отделения ГКНБ в городе Вахдат.
Эмомали Рахмон ввел в эксплуатацию здание отделения ГКНБ в городе Вахдат.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кормандони амнияти шаҳри Ваҳдат хост, ки хизмати софдилона дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кормандони амнияти шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои нави корӣ ва манзилҳои истиқоматӣ шуданд.
Калиди манзилҳои навро ба кормандон зимни сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат супурдаанд.
Раисиҷумҳур бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амният дар шаҳри Ваҳдатро мавриди истифода қарор дод. Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардор гузориш медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир кормандонро барои хизмати садоқатмандона ба нафъи давлату мардуми Тоҷикистон ва иҷрои сарбаландонаи масъулият вазифадор намудааст.
"Имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани амнияти миллӣ ва таъмини оромию осудагӣ аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад", - гуфтааст кишвардор.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президент, иншооти нав аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.
Тақдими калиди хонаҳо дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Кормандони мақомоту низомиён дар Хоруғ соҳиби манзил шуданд
Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 40 нафар, ошхона ва ҳуҷраи бойгонӣ иборат мебошад.
Ҳамзамон дар шафати бино иншооти ёрирасон сохта шуда, ҳудуди он чароғон ва сабзкорӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0