Толибон* аз мавқеи Тоҷикистон дар қиболи Афғонистон дар СММ истиқбол карданд

© Foto / Пресс служба президента РТЭмблема ООН, архивное фото
Эмблема ООН, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошт, ки Душанбе омода аст барои таъмини сулҳу субот ва амнияти комил дар Афғонистон кумак кунад
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Толибон* аз мавқеи Тоҷикистон оид ба Афғонистон дар Созмони Миллали Муттаҳид истиқбол мекунанд.
Дар ин бора муовини сухангӯи ҳукумат Ҳамидуллоҳ Фитрат хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни баҳсҳо дар Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк як қатор кишварҳо дар робита ба Афғонистон мавзеъгирии мусбат нишон доданд.
"Дастгирии субот ва пешрафти Афғонистон дар дасти тамоми минтақа аст. Толибон* ба таҳкими равобит бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бовар доранд", - изҳор дошт Ҳамидуллоҳ Фитрат.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни баҳсҳо дар Маҷмаи Умумии СММ изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Душанбе омода аст дар ин раванд кумак кунад, изҳор дошт сарвари давлат.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Оташбас дар Ғазза ва кумак ба Афғонистон: нуқоти асосӣ аз суханронии Раҳмон дар СММ
Қаблан, Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябр ба Афғонистони осебдида аз заминҷунбии шадид, кумаки башардӯстона фиристода буд.
Зиёда аз 100 мошини боркаш бо супориши ҳукумат ба мамлакати ҳамсоя қариб се ҳазор тонна ғизо, сару либос, масолехи бинокорй, хайма, пӯшоки гарм, оби нушокй, ангишт ва дигар ашёҳои ниёзи аввал фиристод.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0