https://sputnik.tj/20250925/tojikiston-dars-istifoda-sarfakorona-quvvai-barq-1071473834.html
Дар Тоҷикистон "дарс"-и истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ роҳандозӣ шуд
Дар Тоҷикистон "дарс"-и истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ роҳандозӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамзамон, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ дода мешавад, ки дар онҳо тавсияҳои амалии мутахассисон оиди истифодаи босамари таҷҳизоти барқӣ, коҳиш додани талафоти барқ зикр гардидаанд
2025-09-25T09:31+0500
2025-09-25T09:31+0500
2025-09-25T09:31+0500
дар тоҷикистон
энергетика
қувваи барқ
истифода
сарфакорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160471_0:321:3070:2048_1920x0_80_0_0_1ee836c5ef43ebdaffba103ad09988ac.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсади боло бурдани сатҳи маърифати энергетикии аҳолӣ ва ташвиқ ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ корҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудааст.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикӣ ба роҳ монда шудааст.Дар доираи ин иқдом, гурӯҳҳои вижа бо сокинон вохӯриҳои сайёри иттилоотӣ баргузор намуда, онҳоро бо аҳамияти риояи меъёрҳои сарфакорӣ ва самаранокии истифодаи неруи барқ ошно месозанд.Маъракаҳои таблиғотӣ дар маконҳои серодами шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ ва Шаҳринав роҳандозӣ гардида истодааст.Ҳамзамон, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо тавсияҳои амалии мутахассисон оид ба истифодаи босамари таҷҳизоти барқӣ, коҳиш додани талафоти неру ва роҳҳои сарфаи барқ дар шароити хона зикр гардидаанд.Зимни вохӯриҳо таъкид мегардад, риояи қоидаҳои одӣ ва тавсияҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад ҳар як оила дар коҳиши сарфи неруи барқ саҳмгузор бошад ва ҳамзамон сатҳи пардохтҳои хонавода низ кам гардад.Вазорати эенержӣ мақсад аз роҳандозии чунин чорабиниҳоро пешгирӣ аз истеъмоли беҳудаи неруи барқ, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон дар масъалаи истифодаи оқилонаи неруи барқ ва мусоидат ба таъмини устувории низоми энергетикӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон гуфтааст.
https://sputnik.tj/20250914/nerugohho-tojikisto-fasl-zimiston-1071162246.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160471_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_3153aaedf3cbb2734132dfad646af169.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истифодаи сарфакорона, қувваи барқ, тоҷикистон
истифодаи сарфакорона, қувваи барқ, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон "дарс"-и истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ роҳандозӣ шуд
Ҳамзамон, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ дода мешавад, ки дар онҳо тавсияҳои амалии мутахассисон оиди истифодаи босамари таҷҳизоти барқӣ, коҳиш додани талафоти барқ зикр гардидаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсади боло бурдани сатҳи маърифати энергетикии аҳолӣ ва ташвиқ ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ корҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи ин иқдом, гурӯҳҳои вижа бо сокинон вохӯриҳои сайёри иттилоотӣ баргузор намуда, онҳоро бо аҳамияти риояи меъёрҳои сарфакорӣ ва самаранокии истифодаи неруи барқ ошно месозанд.
Маъракаҳои таблиғотӣ дар маконҳои серодами шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ ва Шаҳринав роҳандозӣ гардида истодааст.
Ҳамзамон, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо тавсияҳои амалии мутахассисон оид ба истифодаи босамари таҷҳизоти барқӣ, коҳиш додани талафоти неру ва роҳҳои сарфаи барқ дар шароити хона зикр гардидаанд.
Зимни вохӯриҳо таъкид мегардад, риояи қоидаҳои одӣ ва тавсияҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад ҳар як оила дар коҳиши сарфи неруи барқ саҳмгузор бошад ва ҳамзамон сатҳи пардохтҳои хонавода низ кам гардад.
Вазорати эенержӣ мақсад аз роҳандозии чунин чорабиниҳоро пешгирӣ аз истеъмоли беҳудаи неруи барқ, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон дар масъалаи истифодаи оқилонаи неруи барқ ва мусоидат ба таъмини устувории низоми энергетикӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон гуфтааст.