Ниқобпӯшӣ ва равзанабандӣ: Тавсияи мутахассис барои ҳифзи саломатӣ аз хокбориш – видео

Обуна шудан
Вақтҳои охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон олудашавии ҳаво ва ё ба истилоҳ хокбориш ба вуҷуд меояд. Тавсияҳои мутахассисонро барои ҳифзи саломатӣ дар чунин вазъ, дар матлаби Sputnik Тоҷикистон дарёбед
Ахиран дар Идораи ҳавосанҷии Тоҷикистон аз олудашавии ҳаво иттилоъ дода гуфтанд, ки ин вазъ эҳтимол дорад дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмате аз шаҳру ноҳияҳои Суғд чанд рӯз давом хоҳад кард.
Эҳтимол дорад дараҷаи сатҳи ифлосшавии ҳаво бо заррачаҳои муаллақ (PM-10 ва PM-2,5) метавонад боло равад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон чунин вазъи табииро дар Хуҷанд мушоҳида кард.
Зимни суҳбат сокинон изҳор намуданд, ки вақтҳои охир чунин ҳавои пур аз чангу ғубор бештар дар Хуҷанд ва ноҳияҳои атроф ба вуҷуд меояд.
Шодӣ Сайалиев, яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, ки чунин ҳолати номусоди табиӣ ба ҳама зарар мерасад.
"Аз ҳавои хокбориш пеш аз ҳама одамон зарар мебинанд, хусусан онҳое, ки бемориҳои диққи нафас ва сактаи қалбиро аз сар мегузаронанд. Дигар ба замбури асал зарар мерасад, ба ҳамаи мавҷудоти зинда, ки нафас мегиранд, зараровар аст", – изҳор дошт, Сайдалиев.
Ин мусоҳиби мо изҳор намуд, ки чунин вазъ як навъ тағйирёбии иқлим аст, ки бо ҳам аз муносибати инсонҳо ба табиат маншаъ мегирад.
Ӯ ба ҳолатҳои дарахтбурӣ дар Хуҷанд ва дигар навоҳии кишвар ишора кард, ки чи гуна муҳити сабз нобуд карда мешавад.
Дар Хуҷанд чӣ гуна партовҳоро мегуронанд – видео
Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз чанд тавсия ва чораҳои пешгирикунанда дар ҳавои хокбориш ёдовар шуд.

“Сокинон бояд дар чунин ҳолатҳо, равзана ва дарҳои манзилро бештар пӯшида нигоҳ доранд, меваю сабзавотро хуб шуста истифода баранд ва обро аз манбаъҳои боэътимод нӯшанд. Гирифторони бемориҳои музмин доруҳои таъиншударо мунтазам истифода баранд ва дар ҳолати вазнин ба духтур муроҷиат намоянд” – тавсия дод Раҳмонзода.

Ӯ, гуфт дар ин баробар барои онҳое, ки дар шароити боз кору фаъолият мекунанд бастани ниқоб ба даҳону бинӣ яке аз роҳҳои осон ва маъмулии пешгирӣ аз ҳавои олуда аст.
Лентаи хабарҳо
0