https://sputnik.tj/20250923/neruhoi-rusiya-kupyansk-sarbozoni-ukrainiro-muhosira-1071440790.html
Нерӯҳои Русия дар Купянск як гурӯҳи бузурги сарбозони украиниро дар муҳосира гирифтаанд
Нерӯҳои Русия дар Купянск як гурӯҳи бузурги сарбозони украиниро дар муҳосира гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки сарбозони артиш дар шаҳраки Купянск аз 8667 бинои шаҳр 5667-тоашро зери назорат гирифтааст
2025-09-23T19:12+0500
2025-09-23T19:12+0500
2025-09-24T11:25+0500
украина
амалиёти вижа
русия
дар русия
артиш
артиши русия
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/08/1069835642_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8a3b45fec0a91b3b9445e434039313a0.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Купянск як гурӯҳи бузурги артиши Украинаро дар ним муҳосира гирифтаанд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия."Артиши Русия қувваҳои калони душманро аз тарафи шимолу ғарби ин минтақа ним муҳосира карда. Сарбозони украиние, ки дар ниммуҳосира ҳастанд миллатгароён аз гурӯҳи “Фрайкорпс”, террористони отряди ба ном "Корпуси ихтиёрии Русия", "Қушунҳои махсуси иктишофии артиши Украина мебошанд.Купянск як маркази муҳими дифоъии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар қисмати шарқии вилояти Харков аст. Аз он роҳҳои таъминоти гурӯҳи Украина мегузаранд.Ба иттилои вазорати дифоъи Русия дар маҷмӯъ, ҷангҷӯён то 700 сарбози украиниро муҳосира кардаанд, ки 250 нафари онҳо аллакай кушта шудаанд.Дар ҳоли ҳозир ба иттилои вазорати дифои Русия артиш ин кишвар аз 8667 бинои шаҳр 5667-тоашро зери назорат гирифтааст.Танҳо дар як моҳи охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 1800 сарбоз, 36 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш, ду мушакандози MLRS, 137 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномётро аз даст додаанд.Вазорат тавзеҳ додааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина шаҳракро ба як минтақаи пурқудрати мустаҳкам табдил додаанд.Вазорат дифои Русия афзуд, ки ишғоли Купянск ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имкон медиҳад, ки ҳамлаи амиқ дар минтақаи Харков, аз ҷумла дар самтҳои Изюм ва Чугуевро анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20250922/putin-hall-musolimatomez-buhron-ukraina-1071386926.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/08/1069835642_302:0:3033:2048_1920x0_80_0_0_e437aba5db29fd19ff77b439cf64f0f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, артиши русия, купянск, сарбозон, вазорати дифоъ
русия, амалиёти вижа, украина, артиши русия, купянск, сарбозон, вазорати дифоъ
Нерӯҳои Русия дар Купянск як гурӯҳи бузурги сарбозони украиниро дар муҳосира гирифтаанд
19:12 23.09.2025 (Навсозишуда: 11:25 24.09.2025) Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки сарбозони артиш дар шаҳраки Купянск аз 8667 бинои шаҳр 5667-тоашро зери назорат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Купянск як гурӯҳи бузурги артиши Украинаро дар ним муҳосира гирифтаанд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
"Артиши Русия қувваҳои калони душманро аз тарафи шимолу ғарби ин минтақа ним муҳосира карда. Сарбозони украиние, ки дар ниммуҳосира ҳастанд миллатгароён аз гурӯҳи “Фрайкорпс”, террористони отряди ба ном "Корпуси ихтиёрии Русия", "Қушунҳои махсуси иктишофии артиши Украина мебошанд.
Купянск як маркази муҳими дифоъии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар қисмати шарқии вилояти Харков аст. Аз он роҳҳои таъминоти гурӯҳи Украина мегузаранд.
Ба иттилои вазорати дифоъи Русия дар маҷмӯъ, ҷангҷӯён то 700 сарбози украиниро муҳосира кардаанд, ки 250 нафари онҳо аллакай кушта шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои вазорати дифои Русия артиш ин кишвар аз 8667 бинои шаҳр 5667-тоашро зери назорат гирифтааст.
Танҳо дар як моҳи охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 1800 сарбоз, 36 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш, ду мушакандози MLRS, 137 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномётро аз даст додаанд.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина шаҳракро ба як минтақаи пурқудрати мустаҳкам табдил додаанд.
Вазорат дифои Русия афзуд, ки ишғоли Купянск ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имкон медиҳад, ки ҳамлаи амиқ дар минтақаи Харков, аз ҷумла дар самтҳои Изюм ва Чугуевро анҷом диҳад.