https://sputnik.tj/20250922/putin-suboti-strategi--jahon-1071414286.html
Путин: Бад шудани суботи стратегӣ дар ҷаҳон идома дорад
Путин: Бад шудани суботи стратегӣ дар ҷаҳон идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар Шӯрои амнияти кишвараш аз бадшавии вазъ ва бадшудани суботи стратегӣ дар ҷаҳон таъкид кард
2025-09-22T18:01+0500
2025-09-22T18:01+0500
2025-09-22T18:01+0500
русия
дар русия
путин
амният ва мудофиа
стратегӣ
шӯрои амнияти фр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/16/1071413582_1076:888:3072:2011_1920x0_80_0_0_7a70ed5124818eb807aa16de144b61b5.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки вазъ дар соҳаи суботи стратегиро баррасӣ намоянд.Ба гуфтаи Владимир Путин бадшавии суботи стратегӣ идома дорад."Мутаассифона, он дар пайи таъсири якҷояи як қатор омилҳо, ки аксарияташон манфӣ мебошанд, бадшавӣ идома дорад. Ин раванд хатарҳои мавҷудаи стратегиро афзоиш медиҳанд ва хатарҳои навро ба вуҷуд меоранд", - гуфт Путин.Владимир Путин бо аъзои Шӯрои амният вазъ дар соҳаи суботи стратегиро баррасӣ кард.Раҳбари Русия дар бораи омодагии кишвараш барои риояи маҳдудиятҳои пайсони коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ ду ҷониба миёни Русия ва ИМА-ро эълон кард.Вай таъкид кард, ки ин фақат дар сурате иҷро мешавад, ки агар ИМА чунин низ иқдом кунанд."Ман боварӣ дорам, ки татбиқи ташаббуси Русия метавонад дар эҷоди фазои мусоид барои муколамаи стратегӣ бо Иёлоти Муттаҳида саҳми шавад", таъкид кард Путин.Президенти Русия изҳор дошт, ки Русия ҳамеша ба ҳалли сиёсӣ ва дипломатии масъалаҳо афзалияти медиҳад.Вай дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия гуфт, "Русия ҳамеша ба усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳифзи сулҳи байналмилалӣ бар пояи принсипҳои баробарӣ, ҷудонопазирии амният ва баррасии мутақобилаи манофеъ эътиқод дошт".Дар ҳамин ҳол оқои Путин илова кард, ки барномаҳои таҳкими иқтидори дифоии Русия бо дарназардошти вазъи ҷаҳонӣ таҳия мешаванд."Нақшаҳои дар бораи таҳкими иқтидори дифоӣ бо дарназардошти тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ таҳия шуда, пурра ва саривақт амалӣ мешаванд".
https://sputnik.tj/20250922/putin-hall-musolimatomez-buhron-ukraina-1071386926.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/16/1071413582_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_20bdb8c4b2e231541aabdb285970596b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, суботи стратегӣ, амниятӣ, ҷаҳон, раисҷумҳур, шӯрои амният
русия, владимир путин, суботи стратегӣ, амниятӣ, ҷаҳон, раисҷумҳур, шӯрои амният
Путин: Бад шудани суботи стратегӣ дар ҷаҳон идома дорад
Раисҷумҳури Русия дар Шӯрои амнияти кишвараш аз бадшавии вазъ ва бадшудани суботи стратегӣ дар ҷаҳон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки вазъ дар соҳаи суботи стратегиро баррасӣ намоянд.
Ба гуфтаи Владимир Путин бадшавии суботи стратегӣ идома дорад.
"Мутаассифона, он дар пайи таъсири якҷояи як қатор омилҳо, ки аксарияташон манфӣ мебошанд, бадшавӣ идома дорад. Ин раванд хатарҳои мавҷудаи стратегиро афзоиш медиҳанд ва хатарҳои навро ба вуҷуд меоранд", - гуфт Путин.
Владимир Путин бо аъзои Шӯрои амният вазъ дар соҳаи суботи стратегиро баррасӣ кард.
Раҳбари Русия дар бораи омодагии кишвараш барои риояи маҳдудиятҳои пайсони коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ ду ҷониба миёни Русия ва ИМА-ро эълон кард.
Вай таъкид кард, ки ин фақат дар сурате иҷро мешавад, ки агар ИМА чунин низ иқдом кунанд.
"Ман боварӣ дорам, ки татбиқи ташаббуси Русия метавонад дар эҷоди фазои мусоид барои муколамаи стратегӣ бо Иёлоти Муттаҳида саҳми шавад", таъкид кард Путин.
Президенти Русия изҳор дошт, ки Русия ҳамеша ба ҳалли сиёсӣ ва дипломатии масъалаҳо афзалияти медиҳад.
Вай дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия гуфт, "Русия ҳамеша ба усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳифзи сулҳи байналмилалӣ бар пояи принсипҳои баробарӣ, ҷудонопазирии амният ва баррасии мутақобилаи манофеъ эътиқод дошт".
Дар ҳамин ҳол оқои Путин илова кард, ки барномаҳои таҳкими иқтидори дифоии Русия бо дарназардошти вазъи ҷаҳонӣ таҳия мешаванд.
"Нақшаҳои дар бораи таҳкими иқтидори дифоӣ бо дарназардошти тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ таҳия шуда, пурра ва саривақт амалӣ мешаванд".