Лимуҳои Хатлон ба Қазоқистон содирот мешаванд

© Foto / Пресс-служба Президента РТЛимоны, архивное фото
Лимоны, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2025
Обуна шудан
Мақомот мегӯяд вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои аграрӣ ба шумор меравад ва барои парвариши маваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лиму таҷрибаи бой дорад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Қазоқистон бо ҳокими вилояти Алма-Ато Марат Султонгазиев дидору мулоқот анҷом кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, зимни раиси вилояти Хатлдон қайд кардааст, ки ҳамкориҳо дар муҳимтарин самтҳои байни Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият ёфтаанд.
Зимни мулоқот тарафҳо татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Қазоқистон дар вилояти Хатлон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд.
Таджикские фрукты и овощи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Хатлон аксари маҳсулоташро ба Покистон, Афғонистон Қазоқистон ва Русия содирот кард
Давлатали Саид дар ин дидор қайд кард, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои аграрӣ ба шумор рафта, ҷиҳати парвариши маваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лиму таҷрибаи бой дорад.
“Мо омодаем, ки содироти лимуро ба Қазоқистон ба роҳ монем”, - гуфт раиси вилояти Хатлон.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳлили раванди ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо ба ташаккули боз ҳам беҳтари равобит дар масъалаҳои тиҷорат, илму маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо табодули назар карда шуд.
Таъкид гардидааст, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0